Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҳамин ки таоме фармудед, хизматгор яке аз вентиляторҳоро ба кор андохта, ба тарафи шумо менигаронад. Баробари ҳисобӣ кардан вентиляторашро хомӯш мекунад. Яъне ҳаққатон тамом шуд, ҷойро холӣ кунед. Касе агар ин ишораро нафаҳмад ё худро ба нофаҳмӣ занад, аз зери бағалаш гирифта, то ба таки дар гуселаш мекунанд.
Онҳое ки ҳамёнашон ғафстар аст, дар ҳамин ҷой ҳам кайф мекунанд. Турки фарбеҳи сурхмӯе бо аҳли оилааш яке аз мизҳои калони ошхонаро аз пагоҳӣ инҷониб банд карда пинак меравад.
Хизматгори ошхона ду вентиляторро то тафсиданаш бо навбат ба кор андохта, ҷараёни шамоли форамро ба сӯи мизи ӯ равона мекунад.
То намози шом ҳамсафарони ман нисфи суфаи сангиро ишғол карданд.
Аз тайёра имрӯз умедро кандан мумкин.
Дар кӯчаи пеши аэропорт бегоҳӣ бозори қолин барпо гардид. Фурӯшандагон ба қисми пиёдагарди кӯча қолинҳои туркӣ, эронӣ, ироқии худро паҳн карданд. Ҳарчанд аз харидор дараке набуд, ҳар кадоме моли худро таърифкунон ҷор мезад.
Баъд кӯча аз фавҷи сайёраҳои сабукрав пур шуд. Ҷанобони давлатманд хизмати рӯзонаро анҷом дода, ба виллаҳошон мерафтанд. Андом ва синну солашон ҳар хел бошад ҳам, қиёфаи ҳамаашон якзайл ҷиддӣ, ҳатто қадаре андӯҳгин менамуд. Гӯё дар кишвари онҳо фалокате сар зада бошад, ё вазъияти доимии ҳарбӣ эълон карда бошанд.
Дар як қисми сайёраҳои серкарруфар америкоиён саворанд. Онҳо дар бандарҳои баҳрӣ ва ҳавоии Ҷадда, дар заводи кока-кола ва ғайра хизмат мекунанд. Онҳо фақат дар ҳудуди ширкати «Арамко», дар пойтахт ва Ҷадда ҳуқуқи истиқомат доранд. Лекин аз ин маҳдудият, ки барои ҳамаи номусулмонон умумист, ба назарам, чандон озурдахотир наменамоянд, чун ки хуб медонанд, ки долларҳояшон ва феълу хӯяшон то ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара роҳ ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё