Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шабона нисфи ҳамсафарон дар болои суфаи сангин, боқимондагон ба ҳар ҷои ростомада дароз кашида ба хоб рафтанд. ман аз пеши дӯконе тои симпечеро саҳле инсӯтар ғелонида, муддате бар болояш нишастам.
Чун дидам, ки ба худсариям касе чизе нагуфт, ба рӯи той дароз кашидам. аммо дар болои тои кулӯла хобидан аз корҳои бароҳат набудааст. Гиреҳҳои сим ва таноб ба бадан мехалиданд. Зиёда аз ним соат ба як ҳолат хобед, буғумҳои сутунмуҳра ба дард медароянд. Ба замми ин доду фарёди радиодинамикҳо, ки аз рӯзона ҳам баландтар шуда буд ва садои мотори тайёраҳои фурудояндаву парвозкунанда ба чашм пӯшидан имкон намедод.
«Сабур! – мегуфтам ба худ, – сабур. Дар мусофират кӣ азоб накашидааст?».
Пагоҳӣ калоншавандаи аэропорт ба вакили мо ҳамон ҷавоби дирӯзаро такрор кард:
– Сабур, сабур, иншооллоҳ мешавад.
Бо афзоиши ҳарорат бӯю тафи нафасгардони ҳавлӣ боз шиддат мегирифт ва ман чатри худро бардошта аз ҳавлии серғавғо берун рафтам.
Дар ин ҷо ҳам соат аз дақиқа не, дақиқа гӯё аз соатҳои дароз таркиб ёфтааст. Рӯз мисли шабҳои ялдои зимистон кашол меёбад.
– Духтур, биёед, Қориака ҷеғ мезананд, – хабар овар Оллоҳназар.
– Чӣ шудааст? Ҳама сиҳат-саломатанд?
– Аз Мадинаи мунаввара ҳазрати эшон омадаанд ва ба шумо кор доштаанд.
Пас, бародари қиёматиамон эшони Маҳмуд Султонро парерӯз бармаҳал видоъ гуфта будаем.
Ҳазрати эшон дар пеши суфа бо ҳамсафарони ман рост истода суҳбат мекард. Маро дида, сардакак ҳолпурсӣ намуд.
Қориака гуфтанд, ки зани миёнаи ҳазрат баногоҳ касал шуда мондааст ва эшон ба Ҷаддаи муборака ба хонаи як табиби ошнояшон омадаанд.

пешина
аз 247
навбатӣ