Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Фарз кардем, ки ба ин ривоят бовар кардем, гуфтам дар дилам. Чаро ҳамин қадар солҳо ҳазрати эшон бо хизмати табиби шаҳри худ қаноат мекарданду имрӯз панҷсад километр роҳро барои маслиҳати табиби инҷоӣ тай карданд. Хӯш, боз чӣ?
– Иттифоқо дар ин ҷо ду нафар ҳамгузари шуморо дида мондам, – гуфт эшони Маҳмуд Султон ба гап ҳамроҳ шуда. – Онҳо ҳоло дар кӯчаанд ва ба дидани шумо омадаанд.
Дар зери соябони дуконе ду марди тақрибан панҷоҳсолаи мисли арабҳои давлатманд либоспӯшида моро мунтазир буд.
Пас аз салому алек эшон моро шиносонид.
– Ин кас ҳоҷӣ Саъдулло, ин кас ҳоҷӣ Шукрулло – писарони мулло Муҳсини аттор, – гуфт эшон бародаронро як-як нишон дода ва ба рӯям маънидор назаре афканда илова намуд: – Аз гузари Яланбеки шаҳри Самарқанд.
Бародарон бо қиёфаи ҷиддӣ ва бо назари ошкоро синчакорона афту андоми маро тамошо мекарданд.
– Ҳамгузарӣ будаед-дия, – гуфт яке аз онҳо.
– Ҳа, ман дар Яланбек таваллуд ёфтаам, лекин дар шонздаҳсолагиам аз он ҷо рафта будам.
– Падари моро намешиносед?
– Не. Соле ки падаратон вафот карданд, ман хеле хурд будам.
– Ба чанд даромадед ?
– Сиюпанҷ.
– Ҳа, ин тавр бошанд ҳақиқатан ёш будаед.
Ман то ин лаҳза дигар равшан фаҳмида будам, ки ин суҳбат дар сари кӯча, дар пеши дукони баққолӣ барпо шуда бошад ҳам, монанди пурсиши шоҳидон дар маҳкамаи давлатӣ як навъ истинтоқи расмист. Бинобар ин ман бояд гарданшахӣ ва фаориғболии худро як сӯ гузошта, исбот кунам, ки ман худи манаму каси дигар не.
Ҳоло сухан дар бораи обрӯю эътибори гражданини мамлакати ман мерафт, ки ҳазрати эшон мехост, агар даст ёбад, ба номи вай доғе бигузорад.
– Ҳавлии моро медонед? – пурсид бародари калонӣ, ки ба ришу мӯйлабаш тораҳои сафед бештар афтода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё