Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ҳо. Вай дар паскӯчаи маҳалла, дар ҳудуди маҳаллаи мо ва гузари Дари Занҷир воқеъ гаштааст, – гуфтам ва қаноатмандона табассум кардани бародаронро дида илова кардам: – Ман бо хоҳари хурдии шумоён дар як мактаб мехондам. Дар як синф, дар як мактаб. Номаш Кубаро буд.
Дар воқеъ, ман номи хоҳари инҳоро фаромӯш накарда будам, зеро ӯ хушхаттарини толибаҳои мактабамон буд ва дафтарҳои ӯро ба хонаи пионерон, ба намоишгоҳҳои ҳарсолаи шуъбаи маорифи халқ бурда мемонданд.
Чеҳраи бародарон тамоман яла шуд. Хусусан калонии онҳо ба эшон Маҳмуд Султон нигоҳи таънаомез афканда, ба аломати тасдиқи суханҳои ман тез-тез сар ҷунбонида меистод. Бародарон аз аҳволи зиндагонӣ, касбу кори ҳозира ва ҷои истиқомати ҳамгузарон боз чанд саволи дигар доданд.
Саволҳо аксаран ба бойҳои собиқи маҳалла дахл доштанд, ки дар вақташ корхонаҳои калони хусусии чармгарӣ, бофандагӣ, ҳалвогарӣ ва ғайра доштанд. Сонитар барои гардан нафаровардан ба тартиботи нав бадарға шуданду пас аз чанд соли дигар ба ватан баргашта, бо меҳнати худ рӯз мегузарондагӣ шуданд. Дар бораи ин одамон ҳар чиз шунида будам, ба ҳоҷӣ Саъдулло ва ҳоҷӣ Шукрулло гуфтам.
То вақти хайрухуш қиёфаи бародарони ҳоҷӣ тамом дигар шуда буд. Бародарон роҳи сафед талабида, изҳори таассуф карданд, ки барои меҳмон шудан фурсат надорам. Аз гуфтори онҳо, хусусан аз сухани бародари калонӣ як оҳанги узрхоҳона пай бурда мешуд.
Эшони Маҳмуд Султон ба ҳавлии аэропорт даромада, бо ҳамаи ҳамсафарони ман бори дигар оғӯш кушода хайрбод гуфт ва аз ҳама охир ба назди ман омада, дастамро ба дасташ гирифта гуфт:
– Ана, мулло, акнун ба ватанатон меравед. Ба ҳамшаҳриҳо, ҳар кас шиносад, салом расонед.
Ба аломати ризо сар ҷунбонидам.
– Лекин сӯҳбатҳои каминаро айб намекунед, – хоҳиши як бор дар Мадина изҳоркардаи худро такрор намуд ҳазрат. – Меҳмонҳо зиқ нашаванд гуфта, чорта чақ-чақ кардам-дия.
– Шумо бисёр меҳмоннавозед, эшонамак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё