Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Лаҳзае чашмони ҳазрат тира гаштанд, кадом як мушаки рӯяш парид, вале даррав худро ба хушҳолии кӯдакона андохта гуфт:
– Дастам банд буд. Меҳмондории казоӣ ҳам нашудааст.
– Не, чаро? – эътироз кардам ман. – Ғояти меҳмоннавозӣ ҳамин аст.
Ҳазрат дид, ки аз ин гуфтугӯ мурод ҳосил намешавад, дасти маро сар дода, рӯ ба ҳамаи гурӯҳи мо овард, ва бараои сафар роҳи сафед талабида, дуо кард.
Ним соат нагузашта, ба мо тайёра доданд.
Аз рӯбоҳтозиҳои ҳазрати эшон аламам меомад. Ман чӣ кардам дар ҳаққи ӯ, дар ҳаққи Арабистони ӯ? Гуноҳам ин ки мӯйсар дорам? Ё ин ки мисли дигарон ободии масҷидҳои Маккаву Мадинаро ҳа гуфта таъриф накарданам маъқул наафод? Охир аз рӯи мантиқи одитарин ҳам духтур аз қорию қорибачаҳо бояд тафовуте дошта бошад ё не? Агар ман ҳамроҳи инҳо намеомадам, магар ҳазрати Наримон ва қорӣ Мушаррафи ҳафтодуҳаштсола, ки дар Минои муборак ба дарди шикам гирифтор шуда, рамақе ба ҷонаш монда буд, сиҳатсаломат дар ин тайёра пинак рафта менишастанд?
Тайёра ба осмони баҳри Сурх баромада, ба роҳи Хартум дохил шуд. Аз кабинаи экипаж командири тайёра берун омад. Вай марди тануманди миёнсоли америкоӣ буд. Ба касе нигоҳ накарда, бо тамкин ва виқор қадам партофта, ба тайёра рафт. Абдусамадака гуфта буд, ки дар аксари киштиҳои обӣ ва ҳавоии мусофиркашони Арабистон вазифаи капитан ё командирро америкоиён ба ҷо меоранд. Тайёраҳои ҳарбии реактивиро бошад, ҷавононе меронанд, ки аз оилаҳои муҳоҷирони сиёсӣ баромадаанд. Аз ҷумла муҳоҷирони уйғур, ӯзбек ва тоҷик. Баъди он ки тайёраронҳои муқими кишвар чанд ҳавопайморо ҳамроҳи худ гирифта, ба мамлакатҳои мустақили араб рафтаанд ва паногоҳи сиёсӣ талабида, дар ҳамон ҷо мондаанд, ҳамин гуна тартибот ҷорӣ шудааст.
Ин нукта ҳоло барои камина тасаллои хотир буд. Дар кишваре ки ба фарзандони худ эътимод надоранд, чӣ ҷои тааҷҷуб, ки аз паси як мусофир ин қадар ҷосусро монда, лӯттибозиҳо мекунанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё