Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Тасаддуқаш шавам, ҳаёт гоҳо касро ба муҳите меандохтааст, ки чанд рӯзе аз ҳавои он нафас кашида, чӣ гуна ба наҷобат ва ҳусни инсон шубҳа пайдо карданатонро худатон нафаҳмида мемондаед. Худатон пай набурда мемонед, ки дар қалбатон ҷои эътимодро ба ҳамаҷоя ҷорӣ гардидани қоидаҳои неки баробарӣ ва бародарии навъи башар, ҷои эътиқодро ба ҳамаҷоя тавлид ёфтани инсони бузургдилу некниҳод ва озодаву поксиришт ким-чӣ гуна ҳиссиёти яъсомези кароҳатангазе мегирифтааст, ки аз муоинаи риё, кина ва адовати чанд намояндаи ношуди ин навъи муаззам тадриҷан пайдо мешудааст.
Чӣ хуш ки ҳар имтиҳонро дар баробари ибтидо интиҳо низ ҳаст!
Вақтҳое буд, ки ба мамлакатҳои хориҷа сафар кардани рафиқони ҳамкасбамро дида, ба онҳо ҳасад мебурдам.
Дар орзуи рӯзе будам, ки ман ҳам ба ягон тарафи дунё рафта, чӣ будани капитализм ва ё феодализмашро бо чашми худ бубинам. Ҳар бор ки аз таассуроти сафар, аз аҷоиботи дар мусофиратдида бо шавқу завқ нақл кардани касеро медидам, орзуям дар дилам бештар аланга мезад.
Ҳоло медонам, ки аксари он ҷаҳондидагон аз ширинкорӣ ба дили сомеон тухми ҳавас мекоштаанд. Бале, аз ширинкорӣ.
Нақл мекунанд, ки се ҷӯраи шӯху ширинкор дар хонаи касе меҳмон шудаанд. Соҳиби хона як табақ шавла оварда, ба хӯрдан таклиф кардааст, аммо нагуфтааст, ки эҳтиёт шавед, шавла гарми ҷонсӯз аст. Ҷӯраи якум даст ба таом бурда, баробари ба даҳон гузоштани луқмаи аввалин ашк дар чашмонаш чарх мезанад.
– Ҳа чӣ шуд? – мепурсад ду нафари дигар.
– Ҳеҷ, – мегӯяд аввалӣ. Вай мехоҳад, ки асли воқеаро он ду ҷӯрааш дар таҷрибаи хеш бифаҳманд. – Ҳеҷ чиз нашудааст. Модаркалонам сахт касал буд. Ҳоло ба ёдам расид.
Ҷӯраи дувум луқмаи гармро бепарво ба даҳон мегузорад.
Вақте ки чашмонаш аз об пур мешаванд, савумӣ мепурсад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё