Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Хӯш, ба ту чӣ шуд?
– Ҳеҷ, – мегӯяд ӯ низ. – Ба ҷӯраам дилам сӯхт, ки аҳволи модаркалонаш бад будааст.
Вақте ки ҷӯраи савум аз шиддати сӯзиши даҳон оби дидааш шашқатор мерезад, ду нафари аввала хандакунон мепусанд:
– Ҳа, чаро мегирйӣ?
– Чаро нагирям, – мегӯяд ӯ. – Падарқусури модаркалонат мурд.
МӮИ САФЕДИ МАН

Моро ходимони сафоратхона пешвоз гирифтанд. Баъд оварда дар ҳуҷраҳои киштии «Омдурман» ки ҳамчунон ба соҳили Нил ҷафс шуда меистод, ҷо ба ҷо карданд.
Ману Исрофил дар ҳуҷраи пештараи вай ҷой гирифтем.
Аввалин бор дар давоми ду ҳафта дар пеши оинаи калони ҳақиқӣ, дар сари дастшӯяк риши худро тарошидам. Ба андомам нигоҳ карда, қариб буд, ки худамро нашиносам. Ранги рӯям, мисли он ки нав аз бистари беморӣ бархоста бошам, заҳир буд. Мӯи чаккаҳоям сафед шудааст.
Исрофил ба паҳлуям омада истод. Вай либосҳои тоза пӯшида, саллаи нави сафеди аз Арабистон харидаашро баста буд.
– Ман инро ҳар рӯз медидам, – гуфт ӯ ба чаккаҳои ман ишора карда. – Аммо аз гуфтан чӣ фоида?... Ғам нахӯр, додарам, – илова намуд Исрофил бо навозиш. – Дар замони ҷанг дар бистудусолагиам боре мӯи сари ман сафед шуда буд.
Сонӣ боз ба асли қадимааш баргашт.
– Ту дар ҷанг иштирок карда будӣ?
– Ҳа, – гуфт ӯ аз чӣ сабабе хиҷолатмандона сар хам карда ва дар ҳамон ҳолат, ки сараш ба рӯи синааш хам буд, бо овози паст илова кард: – Аз аввал то охираш. Аз Курск то Вена.
Як орден ва чор медал гирифта будам… Хайр, ман рафтам, – банохост оҳе кашида гуфт Исрофил ва аз ҳуҷра баромад.
Ман ӯро то сари кӯча гуселонидам. Вай ҳамроҳи Қориака.
Темурҷонқорӣ, чор қории куҳансол ва Мулло Тешабой ба автобусчаи сафоратхонаамон савор шуда, ба қабули қозиюлқузоти Республикаи Судон ҷаноби Саидалӣ Мирғанӣ рафт.
Шабона ба боми «Омдурман» баромада, чароғҳои соҳил ва акси ларзони ба об афтодаи онҳоро тамошо карда нишастам.

пешина
аз 247
навбатӣ