Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Пагоҳ ба Қоҳира меравем ва панҷ рӯз дар он ҷо мемонем.
Дидани Қоҳира, мақбараҳои бузурги фиръавнҳои Мисри қадим аз овони мактабхонӣ орзуи ман буд. Аммо хуб мешуд агар ҳамаи инро дар ду рӯз дида, ба Ватан баргардем.
Оллоҳназарқорӣ низ ба бом баромад.
– Духтурҷон, мумкин-мӣ дар пешатон як дам шинам?
– Марҳамат, ҷой васеъ.
Аз даме ки чархи тайёра аз замини Арабистон канда шуд, аз тарафи ҳамсафарон боз ҳамон муомилаи нарми муътадилро мебинам, ки дар Маскав, дар меҳмонхонаи Виставка медидам. Акнун ба саволҳоям табассумкунон ҷавоб медиҳанд, ҳангоми ҷавоб калимаҳои «раҳмат, духтур, ташвиш накашед» боз пайдо шудаанд. Ҷомадони доруворро, ки акнун хеле сабук шудааст, қориҳои ҷавон бо ихтиёри худ мебардоранд.
Тағйири муносибат чунон баръалоина аст, ки баъзан ҳатто хандаи кас меояд. Имрӯз дар аэропорти Хартум аз тайёра фаромад дидам, ки вохӯрии ҳоҷиёни саллаву ҷомадор ва ходимони сафорат ва консулхонаро аз як гӯша шахсе табассумкунон тамошо карда меистад. Ӯ дар даст микрофончаи сиёҳи чоркунҷа дошт ва ба китфаш тасмаи аппаратҳои овознависӣ ва суратгирӣ овезон буд. Маълум шуда меистод, ки ё мухбири ТАСС ё ягон рӯзномаи марказии худамон аст. Азбаски як қисми ходимони сафоратхона бо пурсупоси аҳволи ҳоҷиён ва муайян кардани тафсилоти сафари фардоинаи Қоҳира банд буданду қисми дигар ҳуҷҷатҳои моро бардошта, ба маъмурияти аэропорт рафта буданд, ба назди он мард рафта салом додам ва хоҳиш кардам, ки аз навигариҳои мамлакатамон нақл кунад. Аз чӣ навъ гузаштани иди Якуми Май, ба кор даромадани хатти нави метрои Маскав, меҳмон шуда омадани Фидел Кастро мухтасар ҳикоят кард.
– Боз чӣ навигариҳо? – пурсидам.
– Чанд рӯз боз мусофиред? – ба саволам ҷавоб надода, пурсид мардак.

пешина
аз 247
навбатӣ