Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Се ҳафтаву як рӯз.
– Хайр, ин тавр бошад, ҳозир боз мегӯям, – розӣ шуд мард ва тахмин ним соати дигар ҳикоят кард. Вақте ки ба ӯ миннатдорӣ баён карда, аз паси гурӯҳамон ба майдони паси аэропорт мебаромадам, Махсуми миҷ-миҷдаҳон ба паҳлуям расида гуфт:
– Духтурҷон, шумо ки забони русиро медонед, коратон осон-дия. Ана ҳозир бо он шахс суҳбат карда, дар як дам аз аҳволи мамлакат воқиф шудед. Забон донистан нағз-дия.
«Русӣ гап назанед!» гуфта ба сарам дод заданаш, «забони кофирҳо!» гӯён наъра кашиданаш гӯё дар гӯшам аз сари нав садо дод.
Санъати худро ба даст гирифтан ва фурӯ нишондани ғазаби ба ҷӯш омадаро дар мусофират хеле такмил дода будам, ки дар ин ҷо кор дод.
– Мардуми Кавказ, – гуфтам, – як мақол доранд. Мегӯянд, ки умр агар парвоз диҳад, парвози уқобона диҳад, тақдир агар марг диҳад, марги мардона диҳад, ва агар дӯст диҳад, дӯсти фидокору душман диҳад, душмани росткор диҳад.
Яъне душмане дошта бошед, худо гӯед, ки номард набошад.
Читу ҳамин мақол?
– Беҷо не.
– Беҷо набошад, гиреҳ баста монед, даркор мешавад.
Махсум бо лунҷи овезон ба сӯи сайёрае рафт, ки ба он Қориака савор мешуданд. Баъди хӯроки шом Қориака дар саҳни Гранд Ҳотел аз ҳаҷҷи кардаамон гап кушода, дар зимни сухан насиҳатомез гуфтанд, ки агар аз як дигар ранҷида бошем, ба дил нагирем, гуноҳ ё кӯтоҳии ҳамдигарро бахшем. Сонӣ гуфтанд, ки духтурамон мулло Қурбон нағз хизмат карданд.
Мо ҳама миннатдор ҳастем.
Як бародари дигарамон сухани сардорро қувват дода, илова намуд, ки хизмати хуби духтурро баъди баргаштан ба Ватан ба намояндаҳои ҳукумат гуфтан даркор, то ки ба ҷои кораш маълум кунанд ва Вазорати тандурустӣ ҳам аз ҷониби худаш хизмати ӯро тақдир намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё