Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бидуни ташаккур ва раҳматномаҳо ҳам камина ҳаҷҷи акбари худро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. ба фаромӯш кардани рӯзҳое ки мӯи сиёҳ сафед мешавад, ҳеҷ инсон қодир нест.
Ҳамсафарони ман ба Ватан бо унвони баланди ҳоҷӣ, бо мартабаи афзуда баргашта, оятҳои қуръон ва ҳадиси пайғамбарро бо ғайрати аз пешина бештар тарғиб хоҳанд кард.
Нақлу вазъҳои ононро тағои ман, ҷӯраҳои ӯ, бародарону хоҳарони онҳо, миҷозҳои диндори поликлиникаи мо акнун бо эътиқоди зиёдтаре гӯш хоҳанд кард.
Лекин банда низ акнун мисли пешина бепарво нахоҳам буд. Одамон, шайхҳо, эшонҳо, лавҳа ва воқеаҳои дидаамро дар ҳар ҷо ки набошад, ба кадом восита ки набошад, нақл хоҳам кард. Искандар як ҷӯраи нависанда дорад. Ҳамаи ин қиссаро ба вай ҳам ҳикоят хоҳам кард. Бигузор ҳама бифаҳманд, ки ҳаҷ чисту ҳоҷӣ кист, ҳаҷҷи акбар чисту ҳоҷии кабир кист.

пешина
аз 247
навбатӣ