Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
1+17
Ду нафар духтаракони стюардесса ҳамонҳое буданд, ки мо бисту шашуми апрел ҳамроҳашон то Хартум омада будем.
– Хӯш, духтур, ба хона мерафтаем-дия? – хандакунон гуфт духтари шӯх ҳангоме ки билети маро дар таки дари самолёт аз назар мегузаронид.
– Афсӯс ки фақат то нимаи роҳ.
– Хайр боке нест, дафъаи дигар то хона мебарем.
– Коре карда ғариб намонед, мешавад.
Духтарак боз табассуми латифе кард. ману Исрофил паҳлуи ҳам нишастем.
– Гап зан, гуфтам ба ӯ. – Ё боз хоб мекунӣ?
– Не-е, гап мезанам. Тавфиқ, бечора, дилаш ганда шуда монд. Мо ба зинаи самолёт мебаромадему вай дар таки қаноташ истода, ба дари самолёт ким-чӣ хел бо ҳасрат нигоҳ мекард. Ҷавон-дия. Аз ҳамаи ходимони сафоратхона ва консулхона, ба назарам, ҷавонтарашон вай.
– Гап дар синну сол не.
– Набошад, дар чӣ?
– Намедонам.
– Надонӣ, хаппакак шину ба гапи калонҳо гӯш кун.
– Хӯш, канӣ калонҳо чӣ мегӯянд?
– Медонӣ агар ман ба ҷои раиси президиум мешудам, чӣ кор мекардам?
– Кадом президиум?
– Президиуми Совети Олии СССР.
– Ӯҳу, чӣ хел ту ба ҷои раиси президиум мешудӣ?
– Масалан-дия, фарз кардем, ки раис маро ба пешаш ҷеғ заду гуфт, ки рав, Исрофил, туро як ҳафта ба ҷои худам раис таъйин кардам.
Ман баланд хандида фиристодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё