Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Чӣ механдӣ? Худат гап зан гуфта маҷбур мекунию…
Исрофил қаҳр карда, ба тарафи тирезачаи салон рӯй гардонид ва такяи нишастгоҳашро хобонида, чашмонашро пӯшид. Фақат баъди узрхоҳиву зориву таваллои бисёре аз нав меҳраш яла шуд ва мақсади худро баён кард:
– Дар курсии раис нишаста, ба котибаҳо фармон медодам,
– қиёфаи ҷиддии раисона гирифта гуфт Исрофил. – Канӣ, зуд рӯйхати ходимони сафоратхонаҳо, консулхонаҳоро биёред, мегуфтам. Дар як зум меоварданд. Рӯйхати шофёрҳо, духтурҳо, тарҷумонҳо ва дигар хизматгорҳои сафоратро биёред, мегуфтам. Даррав меоварданд. Аз як сар ба ҳамааш номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ медодам. Мукофоти баландтарини мо ҳамин нест магар?
– Ҳамин аст, азизам. Лекин чаро ба ҳама?
– Камтар муҳобот шуд. Ман гуфтанӣ, ки на ба ҳама, яъне на ба ҳамаи мамлакатҳо, балки ба ҳамаи онҳое ки дар Арабистон барин ҷойҳо хизмат мекунанд. Дар ҷойҳое ки муомилаи одам бо одам бе бахшиш, бе риёлу динору доллар буд намешавад.
Фурсате хомӯш нишастем. Баъд Исрофил гуфт:
– Ту бо кори китобхонаҳо шинос ҳастӣ?
– Ба андозае ки як хонанда шинос шуда метавонад.
– Барои ман дар китобхона ягон кор ёфт мешуда бошад?
– Э, умрат дароз, Исрофил, аз курсии раиси президиум якбора ба китобхона фаромадӣ?
– Ман бешухӣ мепурсам.
– Ту чӣ гуна китобхонаро дар назар дорӣ?
– Масалан, китобхонаи калони Ленинградро.
– Ҳа-а, дар он ҷо барои ту кор ёфт мешавад, бешубҳа. Ҳар гуна китобҳо, дастнависҳои арабӣ ҳастанд. Эҳтимол тарҷума ё рӯйнавис кардан лозим бошад.
– Писарам. Шарифҷон як бор навишта буд, ки агар ба пешам биёӣ, аз китобхона кор ёфта медиҳам.
Исрофил ба хаёл рафта, ҳар замон худ ба худ табассум мекард, ва банохост, аз кори худ гӯё хиҷил шуда «уҳм» гуфта гулу меафшониду табассумро аз рӯяш меронд ва ба атроф назар мепартофт.

пешина
аз 247
навбатӣ