Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ба Қоҳира расидем. Моро ба ҳамон зали калони аэропорт оварданд. Дере нагузашта маълум шуд, ки кори мо чатоқ аст:
дар Қоҳира карантин эълон карданд.
Ҳар кас хоҳад, ки ба шаҳр дохил шавад, бояд аввал панҷ рӯз дар биёбон дар хаймаҳои санитарӣ истиқомат кунад, аз тафтиши тиббӣ бигзарад.
Ҳамсафарон маро миёнагир карда, дар бораи карантин саволҳо медоданд. Лексияи мухтасаре хондан лозим омад.
Қориака ва тарҷумон ба ҳар сӯ медавиданд, ки илоҷе ёфта, бо сафоратхонаи дар Республикаи Муттаҳидаи Араб будаамон алоқа банданд ва дар ин кор ёрмандӣ пурсанд.
Аммо давуғеҷҳо суде надошт. Карантин агар истисное медошт, онро карантин намегуфтанд.
Маҷлиси машваратии гурӯҳ барпо шуд. Аксарият мехост, ки ин ҷо бимонад. «панҷ рӯз ҳам як чашм пӯшида кушодан барин мегузарад, меравад» – мегуфтанд қориҳои пир.
Аз Исрофил пурсиданд, ки чӣ фикр дорад.
– Аз муҳлати сафарамон ҳамагӣ ҳафт рӯз мондааст, – гуфт ноиб-ур-раис. – панҷ рӯзро дар хаймаҳои карантин гузаронем, он тарафаш чӣ мемонад? Ғайр аз ин барои хобу хӯрок дар хаймаҳо сари касе ҳар рӯз чаҳор доллар мегирифтанд.
Ман ҳайрон… – китф ба ҳам кашида, суханашро ба охир расонид Исрофил.
– Духтур чӣ мегӯянд? – Қориака ба ман рӯй оварданд.
Ман аслан бисёр мехостам, ки шаҳри куҳани Қоҳира, Порт-Саиди қаҳрамонро бубинам, бо мардуми ин мамлакат, ки дар қитъаи Африқо аввалин шуда, ба роҳи озодӣ ва тараққиёт баромадааст, шинос шавам. Лекин ҳоло дигар тоқати мусофират надоштам. Дигар заррае тобу тавон ба ғарибӣ надоштам.
– Танҳо мебудам, ба хона мерафтам, – гуфтам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё