УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Мо ҳам хурсанд. Лекин афсўс... дуруст сўҳбат карда натавонистем. Айби худам – забонашро намефаҳмам. Бо вуҷуди ин аз шишту хезаш донистам, ки ҷавонмард аст, дилаш оина барин соф. Рўи камиро набинад, умраш дарозу ризқаш фарох бошад.
Шаби гузашта дар сари дастархон ҳамин гуна гуфтугў доштанд онҳо. Мўйсафед гоҳ ба писарашу меҳмони ў ва гоҳ ба кўлбори тахту даҳанбаста, ки дар як кунҷи айвон каҷ шуда меистод, беихтиёр назар давонда, батамкин сухан меронд.
Вай умуман одами вазнин, дурандеш ва хушгап буд. Тамоми умр деҳқонӣ карда, ҳафт фарзандашро беминнат хонондаву ба воя расонда, чор-панҷ соли охир дар сояи онҳо давлати пирӣ меронд. Ва чунин менамуд, ки тамкину тааммули ў дар ин муддат аз будаш бештар гардида, ба кас асари нек ҳам мегузорад.
Хуллас, шаби гузашта онҳо аз ҳар дар сўҳбат ороста, хеле дер, аммо хушу хурсанд ба хоби роҳат рафтанд.
Имрўз...
Ду хоҳари калониву бародар ва додарони Мансур барои гусели ў ва дўсти маскавиаш, ки дар ин чанд рўз ба дидадароӣ, покдилӣ ва гуфтори нарми худ ба ҳамаи онҳо писанд омада буд, дар ҳавлии мўйсафед барвақт ҳозир шуданд.
Ва ҳоло, саҳаргоҳ... интизорӣ мекашанд, ки мошини ваъдагӣ кай меояд.
Вале он баъди ним соат, як соат, якуним соат ҳам наомад. Мансур асабӣ мешуд.
Дўсташ низ, агарчи худро осуда вонамуд мекард, ботинан бетоқатӣ дошт – мабодо ки аз ҳавопаймо дер монад!
Мансур инро мефаҳмид ва хиҷолат кашида, мегуфт:
– Шояд ба вай ягон ҳодиса рўй дод.
Аммо дар лабони Андрей табассум мешукуфт.
– Парво накун, дар ҳар сурат меравем.
Мошини раҳгузар ҳаст, боз... автобус будагист.
– Аз автобус ҳоло дер мондем. Барои мошини раҳгузар...
– То маркази ноҳия пиёда рафтан лозим?
– Ёфтӣ! – бадтар асабӣ мешуд Мансур.
– Ҳеҷ қисса не, пиёда меравем. Бинем, ки ба ҳавопаймо расидан мушкил, – фавран ягон таксӣ мегирем. Пул дорам...
– Ман ҳам дорам!
– Пас... рафтем, – ҳамчунон механдид Андрей.
– Меравем, нарафта чӣ... Лекин, охир, ту шоҳидӣ, вай худаш ваъда карда буд.
– Ба оилаи мо як мошини доимӣ даркор барин, – гуфт зери лаб мўйсафед, ки низ дилтанг мешуд.
– Мехарем, – овоз баровард писари калони ў, ки то ҳол гўё дар банди хаёл монда, хомўш менишаст.
– Худаш ваъда карда буд, а! – дар қаҳр даст афшонда, байни лабу дандон гуфт Мансур. – Ҳеҷ набошад, хабар медод, ки рафта наметавонад.
– Бача нашав. Ҳоло вақти муҳокимаи вай не...
Андрей суханашро ба охир нарасонда, ҳамон писари калони мўйсафед ба рўи Мансур маънидор як назар афканду тохта аз ҷой хест.
– Рост мегўяд, нағзаш… зудтар раҳакӣ шавед.
Ҳамин дам аз кўча овози мошин баромад ва пас аз фурсате дар пушти дарвоза матораш хомўш гардид.
Лекин ба ҳавлӣ каси дигар...
Собиқ ҳамсояи мўйсафед Зафарбек даромада, ба ҳама ҳолпурсӣ кард.
Ў ҷавони тахмин биступанҷсола буда, қатори аксарият дар савхоз тамоку мепарварид, коргари пешқадам ҳисоб меёфт. Дастони бақувваташ шахшўл; худаш на бадафт, на зебо, фурўтан, қоматаш баланд...
– Ба як муҳим наздатон омадам, бобо, – фаҳмонд вай ба мўйсафед.
– Хуш омадӣ!
– Токамон...
Инро гуфту ҳамоно хомўш монд.
Аз оҳиста хам шуда, кўлборашро бардоштани Андрей хомўш монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё