Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар ҳайрат ба Мансур рўй овард.
– Меравед?
– Ҳа-а...
– Ин қадар тез?
– Ташвиши зиндагӣ, кору бор...
– Ба чӣ меравед?
– Пиёда... Аз маркази ноҳия ягон мошин мегирем.
– Шумо, шаҳриҳо, аҷаб одамони мураккаб. Ё баръакс...
– Барои чӣ ин хел фикр мекунед?
– Барои он ки мағрур гўям, мағрур нестед, сода ё сахт шармин ҳам нестед.
Умуман шуморо фаҳмидан душвор.
– То ин дараҷа набудагист.
– Пас чаро як даҳан нафаҳмондед, ки мошин лозим?
– Дигар кас моро дилпур карда буд. Ҳоло бинед, аз афти кор... дер мондем.
– Кӣ ҳамон дигар кас?
– Фарқаш чӣ, – гўё ба вай одат шуда бошад, Мансур аввал даст афшонда, баъд тўрхалтаи пур аз себҳои калон-калони сурх ва ҷомаи падараш ба Андрей пўшондаро бардошта, аз поғундаҳои сангини айвони баланд поин фуромад.
Аз қафои ў ва дўсташ ҳама аҳли оила қатор шуда, сўи дарвоза рафтанд.
Собиқ ҳамсояи муйсафед Зафарбек низ...
– Шуморо ман бурда мемонам, – гуфт вай ба забони русӣ. Андрей, дар китф кўлбор, сари андак каммўяш луч, ба чеҳраи дар офтоб қариб ҷигаррангшудаи ў сабук назар афканда, ба маънии «ихтиёр...»
абрувони пайвасташро қадре боло кашид.
– Лекин... ба шарте ки шарм надоред.
Мошини ман фасон не – «Запарожетс»!
– Медонам, – якбора хурсанд шуда, сухани ўро аз даҳонаш гирифт Мансур. – Мо, шаҳриҳо, ба қавли шумо одамони мураккаб бошем ҳам, ба мошини фасон сахт одат накардаем.
– Боз беҳтар! Ана... марҳамат, рафтем.
Вай бори онҳоро дар боғоҷмонак гузошта, дари мошинашро, ки наппа-нав ва озода буд, ба эҳтиром ва бисёр хоксорона аз ду тараф кушод.
Ба ҳама гарму нарм хайрухуш карда, аввал дўсташ ва пас Мансур аз нишастгоҳи қафо ҷой гирифтанд.
– Ҳамон муҳиммат чӣ буд? – пурсид мўйсафед, вақте ки Зафарбек мошинро ба кор андохта, даст ба чанбари фармон мебурд.
– Имсол, чашм расидагӣ барин, ангури боғамон маза надорад, бобо, – хок задааст.
– Мўл об монда будӣ?
– Мўл ҳам нею намедонам барои чӣ... Хайр, бегоҳ омада маслиҳат мегирам, ё пагоҳ...
Аввал инҳоро ба манзил расонам.
– Ҳазор раҳмат ба ту! Асло мўҳтоҷӣ набинӣ, – дар ҳаяҷон гуфт мўйсафед, Ва ба онҳо сафари бехатар хоста, дуои нек кард; сидқан даст ба рўй кашид...
Мошин дар ҳаракат омад. Ҳангоме ки деҳа қафо монд:
– Моро то Шаҳр бурдан шарт не, – гуфт Мансур ба собиқ ҳамсояи падараш Зафарбек. – Аз ҳудуди ноҳия бароварда, то Раҳи калон расонед, кифоя. Ба он тарафаш автобус бисёр, таксӣ ҳам.
– Хуб...
– Ҳаққатонро медиҳем.
– Чӣ хел ҳаққам?
– Ҳаққи хизмат! Дар чунин гармо... барои сарфи бензин, сарфи вақт.
– Дар ин хусус ҳатто даҳан кушодан ба ману шумо намезебад, – гуфт Зафарбек, ки чашм аз раҳ наканда, ба эҳтиёт мошин меронд. Сипас хандида, илова намуд: – Шумо дар синну сол аз ман калон бошед ҳам, ба ҳар ҳол... дар як кўча тохта мегаштем, дар як деҳа ба воя расидем. Ғайр аз ин, агар инсон барои ҳар кори некаш пул ё чизи дигар талабад, одаму одамгарӣ куҷо мешавад!
– Бубахшед. Ман аз саҳар каме асабӣ будам, фикр накарда гуфтам. Нохост...
– Ҳеҷ гап не, вазъияти шуморо мефаҳмам; махсусан ки ин хел... аз ҷои дур меҳмон доред.
Вай хомўш монд.
Мошин баъзан такон хўрда, чархҳояш дар гузари шағалпўши байни деҳа ва маркази ноҳия баланд садо бароварда, дар як маром пеш мерафт.

пешина
аз 132
навбатӣ