Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
даъват намуд. Соат аз 12-и шаб гузашта буд. Ман гуфтам, ки дар ин бевақтии шаб ман чӣ хел баромад мекунам. Валентин хандиду гуфт: биёед равем демаашро худатон мебинеду боварӣ ҳосил мекунед, ки ба ман ширкат чӣ қадар фоида мекунад. То ҷои кории дӯстам рафтам, аллакай, соат 2-и шаб шуда буд.
Мо вориди бинои радио шудем. Дар даромадгоҳ дӯстам ҳуҷҷат нишон доду ба ман ишора карда гуфт, ки ин дӯстам профессор аз Тоҷикистон мебошад ва навбатдорон маро низ иҷозат доданд. Ҳангоме ки вориди ошёнаи корӣ шудем, ягона утоқи корӣ қулф надошт. Ба утоқи корӣ даромадем ва ман то 20 дақиқа маърӯза кардам. Баъди 5 дақиқа дӯстам баромадро таҳрир карда таъкид кард, ки пагоҳ соати 8:00 дар тамоми ҷаҳон пахш мешавад. Ман ҳайрон шуда пурсидам, ки оё инро боз ягон каси дигар аз назар намегузаронад. Дӯстам Валентин боз хандида гуфт, ки ба ман бовар мекунанд. Баъди дар хусуси чӣ гуна ба ин боварӣ ноил гаштанаш пурсон шудан, ҷавоб дод, ки ман аз имтиҳони касбии психологӣ ва донишмандӣ дар асоси озмун гузаштаам ва бо мушкилот шартнома дорам, ки ба ман маблағи зиёде ҳақмузд медиҳад ва ман аз корам ризо мебошам.
Одамон ба ҳуқуқу уҳдадориҳо муҳтоҷ мебошанд ва дар ҳолатҳои таҳқир, номуайянӣ, назорати аз ҳад зиёд, маҷбурсозӣ, ҳисси вобастагӣ доштан аз роҳбарият самараи кори онҳо камтар мешавад. Дар мавриди дарк кардани онҳо, ки аз имрӯза дида хеле хубу нағз меҳнат карда метавонанд, ба онон бояд имконият ва мустақилият диҳем, чунки дар ҳама ҳолатҳои системаи бюрократии роҳбарӣ кормандон худро озоду боқувват ҳис карда наметавонанд, ва тамоми фаъолият дар асоси қоидаҳо ва анъанаҳои қабулшуда иҷро гардида, ба таклифу пешниҳодҳо ва навовариҳо роҳ дода намешавад. Дар ин ҳолатҳо субъекти қабул намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба зиммаи ташкилот вогузор шуда, касе ба натиҷаи манфии фаъолият ҷавобгариро ба уҳда намегирад. Мутахассисон чунин раванди идоракуниро танҳо дар тарбияи кӯдак ва донишомузии он тавсия менамоянд, яъне, дар ҳолате ки кӯдак ҳанӯз инкишоф наёфтааст ва мустақилона қарор қабул намуданаш мушкил аст ва шояд хато рафтор намояд.
Мутахассисони бахши менеҷмент оид ба истифодаи стратегияи додани
ҳуқуқу уҳдадориҳо якчанд пешниҳодҳо менамоянд, ки корманд метавонад худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё