Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

озод ва барои ташкилот таъсиррасонанда, манфиатдошта ва шахси зарурӣ
шуморад. Ин равандҳо чунинанд:

  1. Равшан дидани мақсадҳои ояндаи ташкилот.
  2. Ба корманд имкони ба вазифааш арзанда буданро додан.
  3. Таъмини дастгирӣ.
  4. Таъмини маданияти волои рафтори роҳбарӣ.
  5. Таъмини истифодаи қобилияти зеҳнии корманд.
  6. Таъмини ахбори пурраи фаъолияти ташкилот.
  7. Таъминоти захиравии фаъолият.
  8. Ташкили алоқаи баръакси кормандон ва мизоҷон: менеҷерон ва зердастон.
  9. Ташкили муҳити озоди боварӣ.
  10. Ташкили муҳити озоди навоварӣ.

Вақте ки корманд барои ояндаи ташкилот маълумот дорад ва бевосита дар мақсадгузорӣ иштирок менамояд, ӯ хоҳиш пайдо менамояд, ки барои пешрафти кор ҳиссаи худро гузорад. Албатта, ҳар корманд мехоҳад дарк намояд, ки пешрафти ташкилоташ дар оянда чӣ гуна аст ва ташкилот ба кадом самт равона аст.

Вақте ки корманд оид ба нақшаҳои ояндаи ташкилот маълумот пайдо менамояд, ӯ аллакай худро оид ба иҷрои мақсад омода менамояд, яъне мақсадро боз натиҷаи фаъолияти меҳнатии фардӣ ба таври алоҳида аниқ месозад. Вобаста ба ин, корманд низ дараҷаи масъулияту ҷавобгарии хешро ҳис менамояд.

Вақте ки мо ба корманд ҳукуку ӯҳдадориро вогузор менамоем, бояд дар стартегияи амалӣ гардонидани он ба ӯ кӯмак расонем ва шароите фароҳам совем, ки ӯ ба худ боварӣ пайдо намояд. Иҷрои бомуваффақияти супориш, ҳалли масъалаҳои мураккаб ва ғалаба аз болои аппонентҳо, дар ӯ ҳисси боварӣ ба худро пайдо месозад.

Роҳи дигари боварикунонии корманд ин дар мисоли кордонии дигарон фаҳмонда додани рафтори нек ва роҳҳои ба муваффақиятҳо ноил гаштан мебошад. Мумкин аст, ки менеҷер дар асоси муваффақиятҳои кори хеш ба зердастон роҳу усул ва боварӣ ба хешро омӯфонад. Инчунин мисолҳои дигареро низ гуфтан мумкин аст, ки дар асоси рафторҳои навоварӣ муваффақиятҳо ба даст омадаанд, яъне монеагии рӯҳии кормандон бояд аз байн бардошта шавад.

пешина
аз 522
навбатӣ