Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

то ин ки онҳо низ то тавонанд вақти кории худро самаранок дар асоси технологияи навтарини электронӣ ба роҳ монанд.

Дар баробари ба корманд бовар намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дастгирии эҳсосотӣ ва иҷтимоӣ зарур мебошад. Агар муваффақиятҳо калон бошад, махсус дастархон оростан, ё вохӯриҳо гузаронидан аз фоида холӣ намебошад.
Дастгирии эҳсосотии кормандон ин паст намудани шиддатнокии тарсу ҳарос, моҷаро, ё бетоқатӣ ва саросемагӣ ҳангоми мушкилӣ мебошад. Менеҷер бояд кӯшад, ки муҳити озоду мақбулро ташкил намояд. Барои пешакӣ ин тарсу ҳаросро дур намудан, хуб мебуд агар як қатор вохӯриҳои ғайрирасмӣ гузаронида, ба кормандон муомилаи дӯстона пайдо намоед, ё бо роҳи ташкили мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандон метавонад, ки ин тарсу ҳаросро аз байн бардоред. Аз тарафи дигар дар мусобиқаҳои даставӣ аллакай муносибатҳои ғайрирасмӣ дастгирии якдигарӣ пайдо мегардад.

Таъминоти ахбори электронӣ, яъне мавҷуд будани «системаи асаби электронӣ» яке аз унсури асосии «ҳокимият» буда, корманде, ки ахбори пурраро дорад, доираи таъсираш васеъ мебошад. Ахбори пурра имкон медиҳад, ки корманд интихоби озод дошта бошад, мавқеи худро донад ва ба атрофиён бовар намояд. Дар натиҷа корманд худро озод ҳис намуда, ба менеҷер оид ба ин, ё он фаъолият озодона баҳсу музокира намуда, фикри худро озод гуфта метавонад.

Дар ҳолати ташкили «системаи асаби электронӣ»-и корхона ҳар як корманд хуб кор карда, ба ғайр аз фаъолияти муассисаи тобеи худаш, инчунин ахбори дигар корхонаҳо, сехҳоро дошта муқоиса менамояд, таҳлил карда хулоса ва мавқеи худро муайян месозад ва агар дар кори хеш камбудӣ бинад, дар вақти хеле кӯтоҳ ислоҳ месозад. Бояд қайд кард, ки аксар маврид муноқиша ва нофаҳмиҳо аз надоштани ахбори зарурӣ пайдо мегардад, на аз ахбори зиёд.

Усули охирини бовар кардан ба ҳуқуқу ӯҳдадорӣ аз тарафи корманд ин ташкили муҳити боварӣ мебошад, ки дар байни роҳбарон ва зердастон ба миён меояд. Ин хислат агар аз як тараф боварӣ ба зердастонро зиёд намояд, аз тарафи дигар ин боварӣ ба худи менеҷер ва умуман менеджменти корхона мебошад, ки кормандон дар худ мепарастанд. Чунин боварӣ ба кормандон ҳиссиётеро пайдо мекунад, ки онҳо муҳофизатгари худро доранд.

пешина
аз 522
навбатӣ