Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Агар хоҳед, ки кормандонатон ба Шумо бовар кунанд, бояд чунин хислатҳоро дошта бошед:
боваринокӣ; адолатпарастӣ; ғамхорӣ нисбати зердастон; рӯрост сухан гуфтан; лаёқатмандӣ ба вазифа.

Мутахассисони равоншинос чунин ақида доранд, ки агар ба зердасти худ бовар кунед ва ба ӯ ҳуқуқи уҳдадорӣ диҳед, он гоҳ дар дили ӯ чунин хоҳиш пайдо шуда, ба дигарон бовар мекунад, яъне хуб мебуд, ки дар иҷрои корҳо дигар шахсонро низ ҷалб намоем.

Агар роҳбар ҳамаи корро фақат як худаш ба уҳда гирад, ба мушкилиҳои
зиёде дучор мегардад ва болои мизи корнаш пур аз қоғазҳо мегардад ва имкони
дуруст мутолиа кардан ва хулоса бароварданро надорад. Инчунин дониши ӯ
барои дарки ҳамаи масъалаҳо пурра кифоят наменамояд, яъне бе ҷалби дигарон,
ё додани ҳуқуқи иҷрои вазифа, ё уҳдадорӣ ба дигар корманд вақташ барои
иҷрои корҳо намемерасад. Аз дигар тараф додани ҳуқуқу вазифа ба дигарон
имкони фаъолияти самараноки менеҷмент буда, тамоми корҳо саривақт ва дуруст
иҷро мегарданд. Додани ҳуқуқи иҷрои корҳо ва вазифаҳо ба дигар шахсон
қариб дар тамоми роҳбарон дида мешаванд, аммо на ҳама вақт аз он самаранок
истифода бурда мешавад. Вақте ки мехоҳед масъала, ё худ вазифаеро дуруст
омӯзед ва қарори идоракунӣ қабул намоед, пеш аз ҳама бояд ба шахси кордону
мутахассис ё худ гурӯҳи мутахассисоне, ки масъаларо дуруст дарк мекунанд,
бовар намоед. Дуюм ин ки масъалаҳо бояд ҳаҷман аниқу фаҳмо бошанд, то
фарогири ҳудуди ҳокимияти онҳо бошад. Додани ҳуқуқу вазифа ба дигар
шахсон дар ҳолатҳои омӯхтани фаъолияти ин ё он қисмҳои истеҳсолӣ, бригада ё
худ асосноккунии лоиҳаҳои махсус дар шакли ташкил кардани комиссияи корӣ,
экспертҳо, таҳлилгарон ва амсоли инҳо сурат мегирад. Дар чунин ҳолатҳо
менеҷерро зарур аст, ҳар як кормандеро, ки бовар мекунад, пурра ва ҳаматарафа
омӯзад ва агар зарур бошад оид ба масъалаи гузошташуда санҷиши тестӣ
гузаронад. Инчунин беғаразии комиссия бояд санҷида шавад. Дар таҷрибаҳои
корхонаҳо гоҳо мушоҳида мешавад, ки ба комиссия шахсоне шомил шудаанд, ки

пешина
аз 522
навбатӣ