Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
онҳо танҳо ба мақсади ғаразнок ва мухолифати шахсӣ фаъолият карда, ахбори дурӯғро пешниҳод менамоянд ва ин ба муноқиша байни кормандони корхона оварда мерасонаду худи масъала бошад ҳал нашуда мемонад. Дар натиҷа менеҷер маҷбур мегардад, ки бори дуввум худаш ба он кор машғул гардад ва хароҷоти ду-се каратаи вақтро дошта бошад, ки ин албатта нодуруст мебошад.
Самаранокии додани ҳуқуқи ҳокимиятро дар он сурат мусбӣ ҳисоб менамоянд, ки ба нишондиҳандаҳои зерин ҷавобгӯй бошанд:
- Намояндагони боваркардашуда оё ахбори зарурӣ ва таҷрибаи корӣ доранд ё не?
- Оё шахсоне, ки мо бовар мекунем, барои чунин масъулият тайёр ҳастанд?, зеро иштирок дар тайёр кардани ахбор ва қабули он масъулияти хеле баландро талаб менамоянд.
- Чунин фаъолият имконоти баландбардории қобилияти кормандонро дорад ё не?, яъне ба таври дигар чунин як ҷараён бояд фалсафаи идоракуниро дошта, қобилиятнокии кормандонро баланд бардорад.
- Оё мақсади ягона ва арзишҳои якхела байни шахсони боваркардашуда ва менеҷменти корхона вуҷуд дорад?, зеро вобаста ба ин мақсад ва вазифаи зердастон бояд аниқ карда шавад.
- Вақте ки барои иҷрои кор ҷудо карда шудааст, оё кифоя мебошад?, зеро омӯзиши кормандон, саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ вақти муайянеро талаб менамоянд.
Менеҷерони ташкилот дар мавриди додани ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ба дигар зердастон, бояд аниқ созанд, ки онҳо ин ҳуқуқро ба шахси алоҳида, ё худ даста медиҳанд. Вақте ки ба даста бовар карда мешавад, бояд ҳудуду вазифаҳои вай дар доираи вақти муайян аниқ карда шавад. Пеш аз ин бояд менеҷер ба саволҳои зерин ҷавоб тайёр намояд:
- Оё дигаронро ҷалб намудан зарур аст, ё худ танҳо ман вазифадорам.
- Ман барои ташкили даста ӯҳдадор ҳастам, ё не.
- Ба ин гурӯҳ ман бовар карда метавонам, ё не.
- Худи ман метавонам дар фаъолияти гурӯҳ иштирок намоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё