Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

талабот ва ҳатто, симои худро дигар намоянд. Дар худ нишонагирӣ ба худшиносӣ, хирадмандӣ ва донишмандию одамгариро афзун гардонанд.

Чунин талаботҳои худбаҳодиҳӣ бояд дар ҳамаи зинаҳои идоравӣ вуҷуд дошта бошанд ва риояи онҳо қатъӣ ва масъулиятнок аст.

35.3. Идоракунии арзишҳои шахсият ва инкишофи
босуботии менеҷмент

Арзишҳои фардӣ яке аз тавсифҳои босубот ва доимияти ташкилот, пойдевори асосии баҳодиҳии фардӣ ва қарордодҳо оиди шахсиятҳо буда, аз ин нишондиҳандаҳо қарорҳо ва мақсадҳои ҳаётӣ вобаста мебошанд. Қоидаҳо ва меъёрҳои инсонӣ дар бораи «хуб» ё «бад» будани фаъолиятҳо аз рӯи ин арзишҳои инсонӣ муайян карда мешаванд.

Арзишҳо дар шахсият манбаъ модарзодӣ дошта, дар ҷараёни ҳаёт ташаккул меёбанд.

Масъалаи асосӣ он аст, ки ин арзишҳо ба таври модарзодӣ мавҷуданд ва чунин ҳолат хосияти объективӣ дорад, вале ба инобат намегирем, ки онҳо кадомҳоянд ва ба ҳар як фард дар кадом андоза инкишофу ташаккул ёфтаанд.
Чунин муносибат ба он оварда мерасонад, ки аксари арзишҳо ташаккул наёфта, беҳаракат мемонанд ва истифода бурда намешаванд ва ба муқовиматии арзишҳои дигар дучор гашта, фардро аз инкишоф бозмедоранд.

Ба арзишҳое, ки дар ҳар як фард мавҷуд мебошанд, як қатор омилҳо таъсир мерасонанд. Бинобар ин баҳодиҳӣ ва номбар кардани арзишҳоро олимон ва мутахассисони соҳаи гуногун аз нуқтаи назари худ тавсиф менамоянд. Яке аз менеҷерони шинохтаи рус — Алексей Дудин қайд мекунад, ки «Шахсияти худро мо мисоли биное бунёд мекунем ва онро ҳар қадар комилтар ва қавитар созем, арзиши он, мавқеъ ва мақоми он ҳамон қадар болотар хоҳад шуд». Мо танҳо ҳамон арзишҳои фардиро баҳо медиҳем, ки дар амалияи роҳбарӣ ва санъати менеҷмент истифода мебаранд.

пешина
аз 522
навбатӣ