Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Гурӯҳи якуми арзишҳо барои умумиятҳои миллию этникӣ, умумиятҳои дигари иҷтимоии соҳа ва ташкилотҳои калон хос мебошанд. Дар бисёр мавридҳо ин гурӯҳи арзишҳо барои муқоиса ва баҳодиҳии маданиятҳо ба таври гуногун истифода карда мешаванд, ки мақсади асосӣ, муайян намудани хусусиятҳои хоси рафтори роҳбарӣ ва меҳнатии умумиятҳои гуногун мебошад. Барои ташкилотҳои байналхалқӣ зарур аст, ки менеҷерон якчанд монеаҳои миллиро гузаранд. Дар фаъолияти ҳаррӯзашон дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ менеҷерони ширкатҳои байналхалқӣ маҷбур мебошанд, ки ба одамони миллатҳои гуногун мубодилаи афкор намоянд ва бояд муомила босамармад буда, ҳисси миллӣ ва ё ҳуқуқу анъанаҳои дигар миллатҳоро поймол насованд.
Аз тарафи дигар, олимони бахши менеҷумент муайян сохтаанд, ки аксари арзишҳои фардӣ, аллакай, намояндаи кадом халқу миллат ва мамлакат будани моро шаҳодат медиҳанд.
Мутахассиси бузурги менеҷумент Тромпенарс3 (ҷадвали 1) ҳафт арзишҳои хоси маданияти миллиро ҷудо мекунад, ки дар асоси омӯзиши 30000 менеҷерони 55 давлати дунё натиҷагирӣ кардаанд. Бо ин роҳ муайян намудаанд, ки дар халқу миллатҳои гуногун арзишҳо низ гуногунанд, яъне дар яке зиёдтар, дар дигаре камтар ва баръакс умуман вуҷуд доранд.
Ҷадвали 1.
Хусусиятҳои хоси системаи арзишҳои маданиятҳои гуногун
| Хусусияти хос | Мазмуни арзишҳо | Мамлакатҳо |
|---|---|---|
| Универсализм (умумӣ, ҷамъиятӣ) | Меъёрҳо ва қонунҳои иҷтимоиро қадр менамоянд | ИМА, Швейтсария, Норвегия, Шветсия |
| Портикуляризм (сепаратнам) | Муносибатҳои фардӣ қадр карда мешавад | Корея, Венетсия, Чин, Индонезия |
| Индивидуализм | Ҳиссагузории фардӣ қадр карда мешавад | ИМА, Нигерия, Дания, Австрия |
| Коллективизм | Меҳнати команда қадр карда мешавад | Ҷопон, Мексика, Индонезия, Филиппин |
| Эҳсосот | Нишондиҳии эҳсосот қадр карда мешавад | Эрон, Испания, Фаронса, Шветсария |
3 Дэвид А. Воттеп и др. Развитие навиков менеҷмента. — СПб., 2004.-С.95.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё