Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Худро ба таваккалкорӣ рӯҳан омода намоянд, то доимо дар инкишоф бошанд.

35.5. Таъсири захираҳои ахборӣ, маданияти миллӣ ва
дину оин ба санъати менеҷмент

Ахбор яке аз захираҳои тамомнашаванда ва мураккаби санъати менеҷмент ба ҳисоб рафта, доимо зарурату аҳамияташ меафзояд. Аз нигоҳи дигар ахбор ҷамъи маълумотҳо, нишондиҳандаҳо, яъне донишҳо, оид ба ин ё он ҳодисаҳои ҳаёт мебошад.

Ҳаёт худ як муъҷизаи норавшанест, ки доимо дар омӯзиш буда, ҳаракати ҷисмҳои олам бо худ асрору ахборҳои зиёдеро доро мебошанд, ки ҳоло ақли инсон шояд аз як зарраи он бохабар бошаду халос.

Олимони бахшҳои гуногуни илм ахборро бо падидаҳои махсуси бахши худ ташбеҳ дода, яке гуногуншаклӣ, дигаре инкишоф, сеюмин олам, чорумин асоси назариявии ҳамаи илмҳо меноманд.

Дар санъати менеҷмент бошад, ахбор ҳамчун сарчашмаи тамоми фаъолиятҳо баромад карда, захираҳои иқтисодии арзиши баланддошта ҳисобрида мешавад. Маҳз тавассути ахбор тамоми фаъолияти менеҷмент сарчашма мегирад.

Дар назарияи идоракунӣ ахбор гуфта, кулли маълумотҳоро оид ба тағйиротҳо меноманд, ки аз муҳити атроф вобастаанд. Тавассути ахбор сатҳи дониши мо оид ба номуайянии муҳити атроф ва табиат инкишоф меёбад.

Ҷараёни ахбор муоширати байни одамон бо одамон, одамон бо васоитҳои ахбори умум, махсусан, ахбори электронӣ ва баръаксро меноманд. Чунин як баҳодиҳӣ моро маҷбур месозад, ки инкишофи санъати роҳбариро маҳз тавассути ҳамин роҳ амалӣ намуда, ба мақсад бирасем.

Бояд қайд кард, ки ахбор ҳамчун захираи иқтисодӣ аз дигар захираҳо фарқияти зерин дорад:

  1. Ҳарчанд «ахбор» мафҳуми абстрактӣ бошад ҳам, фақат объекти хусусияти моддии онро баҳо дода метавонад ва беасос пайдо шуда наметавонад.
пешина
аз 522
навбатӣ