Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Дар вақти аз як объект ба объекти дигар гузаштан, ахбор асосан тағйир намеёбад, вале эҳтимоли илова ва зиёд шудан дорад.
-
Ахбор дар ҳама соҳаҳои илм чунин хосият дорад, ки вобаста ба давру замон инкишоф ёфта, васеъ шуда, содда ва фаҳмотар мегардад, ки дар фаҳмиши кулл одамон метавонанд аз он бо пуррагӣ истифода намоянд.
-
Афзоиши ахбор дар илми менеҷмент, сифатан нав шудани он буда, инкишофи технологияи навро таъмин месозад, ки ин роҳи интенсивӣ ва инкишоф мебошад.
-
Ахбор - предмет, восита ва маҳсулоти меҳнати менеҷмент ба ҳисоб рафта, дар ҳолатҳои гуногуни идоракунӣ захираи асоситарин дониста мешавад.
Дар ҳақиқат он ахборе, ки ҳаҷмро хурд карда, ҳолати идоракуниро сабук созгардонад, хеле арзишманд буда, ҳамчун хун дар организми идоракунӣ зарур мебошад. Вазифаи муҳими роҳбарон, пайдо намудан, омӯзиш, коркард ва истифодаи ахбор мебошад. Самаранокии фаъолияти роҳбарӣ ба он вобаста мебошад, ки мо то чӣ андоза ахборро пайдо ва коркард карда, ба дигарон расонем.
Аслан дар ташкилот ду шакли ахборро фарқ менамоянд:
-
Ахбори беруна.
-
Ахбори дохила.
Ахбори бардурӯғ низ дар ҷамъият мавҷуд мебошад, ки ин дар аксар ҳолатҳо чун ахбори дурустро тез фаро гирифта, одамонро ба таҳлуқа андохта, муҳлате аз воқеият дур месозад. Махсусан, чунин ахборро дар солҳои охири шӯравӣ аз Маркази омории мамлакат шунидан мумкин буд, ки оид ба истеҳсоли пахта ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ маълумотҳои нодуруст дода, изофанависӣ ва дурӯғнависӣ ҷойи ахбори дурустро гирифта, оқибат омиле дар раванди барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ гардид. Ё ин ки солҳои 30-юм ва 60-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бадхоҳони миллат оиди фаъолияти одамони ватандӯсту донишманд, ба сардорони давлат ва мақомоти давлатӣ ахбори нодуруст дода, ҳатто онҳоро нобуд месохтанд, ки баъзе аз нишонаҳо то даврони мо низ боқӣ мондааст. Авлодону фарзандони ин бадхоҳони миллат, ки аз падарҳояшон бадхоҳиро мерос гирифтаанд, то имрӯз чунин амалҳои зиштро идома дода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё