Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истода, ҳеҷ гоҳ онҳо инкишофро эътироф надоранд ва доимо ҳаракат мекунанд, ки қасди фаъолияти пурсамари одамон намоянд. Чунин одамон дар ҳама халқу миллатҳо дида мешаванд. Бинобар ин, менеҷментро зарур мебояд, ки ин гуна бадхоҳонро ошкор сохта, аз идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ дур созанд. Ё ин ки васоити ахборро чунон пурра ва ҳаматарафа инкишоф диҳанд, ки барои ахбори бардурӯғи бадхоҳон ҷои холӣ намонад. Ташкили «Системаи асаби электронӣ» метавонад ба мақсад мувофиқ бошад. Аз дигар тараф худи ахбор низ ба идоракунӣ зарурят дошта, як қатор хусусияти хоси худро дорад:

  1. Миқдори зиёди ахборе, ки дохил мегардад, дар як муҳлати тез коркард шуда, паҳлӯҳои гуногуни он омӯхта шаванд.

  2. Натиҷаи ниҳоӣ ва маълумотҳо бояд муҳлатҳои дароз дар бойгонӣ нигоҳ дошта шаванд.

  3. Базаи маълумотҳо дар системаи электронӣ ҷой карда мешаванд ва доимӣ таҷдид мегарданд.

  4. Дар баробари захираҳои башарӣ, моддӣ, табиӣ, вақт, ахбор низ қисми таркибии иқтисодиёт буда, пойдевори истифодабарии дигар захираҳо мебошад.

  5. Қабули тамоми қарори идоракунӣ дар асоси ахбор суръат мегиранд.

Таърихи ахбор ва андешаҳои идоракуниро таҳлил карда, таъсири баланди динро ба рафтори инсон бояд қайд намуд. Маҳз дин тавонистааст, ки солҳои тӯлонӣ дар вақтҳои мушкилӣ ва норасогии ахбор ба инсон хизмат намояд. Инсон низ чунин хислат дорад, ки дар ҳолати вазнинии зиндагӣ ба Худо муроҷиат мекунад, ё худ дар ҳолати нобарориҳо дар кори соҳибкорӣ ва дигар нуқсонҳои зиндагӣ низ ба Худо муроҷиат менамояд, намоз мегузорад, ба масҷид меравад, то ин ки виҷдони худро пок созад, гуноҳашро бахшиш пурсад ва ғайраҳо.

Бинобар ин хуб мебуд, ки ҳар як соҳибкор ва ҳар як шахс асосҳои динро низ омӯзад, дониши боварӣ ба Худоро дошта, тану рӯҳи худро боқувваттару тозатар нигоҳ дорад.

Чуноне ки дар қисми якуми ҳамин китоб гуфта гузаштем, аввалин роҳбарон, ки мардумро аз паси худ мебурданд, диндорони бузург будаанд.
Одамон ба донишмандӣ ва хирадмандии онҳо бовар карда, ба сухани онҳо гӯш намуда, онҳоро ҳурмату эҳтиром менамуданд.

пешина
аз 522
навбатӣ