Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Мақоми дин дар инкишофи менеджмент хеле калон буда, меъёрҳои авлинии роҳбариро онҳо кор карда баромадаанд, ки то имрӯз ҳамчун кодекси рафтори инсонӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон истифода карда мешаванд. Онҳо қонунҳои рӯҳии таъсиррасонӣ ба одамон, шуур, ҳиссиёт, хоҳиш, муомила ва талабот хеле хуб омӯхта, масҷидҳо ва мактабҳои бузурге сохтанд, ки то имрӯз паноҳаҳои онро дар Миср, Самарқанду Бухоро, Эрон, Тоҷмаҳали Ҳиндустон, Чин, Россия ва дигар шаҳрҳои таърихи қадимадошта мебинем. Мисол, дар китоби муқаддаси «Қуръон», ки зиёда аз 1400 сол пеш ба бандагон фиристода шудааст, тамоми он ихтироотҳое, ки инсон дар асри ХХ-XXI ба амал овардааст, гирд омадаанд. Дар бораи онҳо аз асарҳои исломшиноси бузург Хорун Яҳьё ва дигар олимони бузург шинос шудан мумкин аст. (Чудо Корана.
Москва 1995.)
Агар мо ба мадрасаю масҷидҳо ва ҷойҳои муқаддаси динӣ даромада бубинем, фақат як ороиши онҳо, тарзи сохтмон, равшанӣ, навиштаҷотҳо, аллакай ба мо як таъсири хеле бузурги рӯҳию маънавӣ расонида, дар инсон боварӣ ба уқдаи нек пайдо мегардад.
Дин ҷаҳонбиние мебошад, ки тавассути меъёрҳои ахлоқӣ танзимгари асосии рафтори одамон мебошад. Китобҳои муқаддас Қуръон ва Инҷил системаи қоидаҳо ва меъёрҳои рафториеро фаро гирифтаанд, ки на фақат доираи фаъолияти дин, балки тамоми фаъолияти ҳаётии одамонро дар бар мегиранд.
Мисол, қонунҳои шариат дар Қуръони Шариф тамоми қонунҳои роҳ надодан ба кори ғайришариатиро дар тамоми рафторҳои инсонӣ дар бар мегиранд: Дар қисми маслиҳатҳои муфиди ҳамин китоб мо лозим донистем аз ҳадисҳои Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар ӯ) биорем.
Масҷидҳо яке аз марказҳои асосии тарбияи ахлоқии мардуми мусулмонон ба ҳисоб рафта, дар инкишофи ояндаи инсон таъсири баланди мусбат мерасонанд.
Ин сохторҳои ҷамъиятӣ, сохти давлатию идоравиро дастгирӣ карда, бояд дар сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёди озоди демократӣ мақоми арзанда бозанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 98% мардум мусулмононанд ва озодона зиндагию кору фаъолият менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё