Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамчунин имрўз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 140 нафар занҳои дорои қобилияти баланди ташкилотчигӣ ба созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарварӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки занони тоҷик дар демократикунонии ҷомеа иштироки фаъолона дошта бошанд.
Самара ва баракати истиқлолият аст, ки имрўз садои занони тоҷик дар сар то сари сайёра ба гўш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ баромад намуда, дар бораи мақом ва нақши занони тоҷик дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дигаргунсозии ҳаёти мамлакат, комёбиву дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фарҳанги миллати кўҳанбунёди хеш сухан меронанд.
Зани инсонпарвар ва эҷодгари тоҷик ба манзалат ва мақоми таърихии худ соҳиб гардида, бо қудрати созандагӣ мушкилиҳои зиёдеро паси сар мекунад, ки проблемаҳои демографӣ ва танзими оила аз ҷумлаи онҳост. Бояд зикр намуд, ки сабаби асосии камбизоатии як қисми аҳолии мамлакатамон ба назар нагирифтани масъалаҳои демографӣ, танзими оила ва фарҳанги оиладорӣ мебошад. Бо дарназардошти ин мо ду сол пеш ҳаллу фасли масъалаҳои танзими оиларо ба миён гузошта будем. Дар ин бобат Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи сиёсати давлатии демографӣ барои солҳои 2003–2015-ро қабул намудааст, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор дорад. Вале он чорабиниҳо ва корҳое, ки сохторҳои давлатӣ вобаста ба ҳалли проблемаҳои зикршуда анҷом медиҳанд, алҳол қаноатбахш ва танҳо вазифаҳои онҳо нест. Баланд бардоштани сатҳи маърифати модарон, танзиму пешгирии вайроншавии оила ва зоҳир намудани ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон бояд ба самти афзалиятноки фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии занон табдил ёбанд.

пешина
аз 127
навбатӣ