ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Мувофиқи моддаи 34 Конститутсияи Тоҷикистон «Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модарон барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Аз ин лиҳоз, Ҳукумат тавассути пардохти ҷубронпулиҳо, нигоҳдории хонаҳои ятимон, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои алоҳида ва кўдакону пиронсолони бепарасторро таъмин менамояд.
Танҳо соли ҷорӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, таъминоти муассисаҳои махсуси маъюбону пиронсолон, инчунин чорабиниҳои иҷтимоию ҳифзи иҷтимоӣ аз Буҷети давлатӣ 58 миллион сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки гувоҳи ғамхории давлат нисбат ба оилаҳои камбизоат, кўдакон ва пиронсолон мебошад. Аммо ба инобат гирифтан зарур аст, ки ягон ғамхориву парасторӣ ба меҳру муҳаббат ва навозиши падару модар баробар шуда наметавонад. Аз ин рў, бояд пеш аз ҳама падару модарон дар ҳифзи оила ва тарбияи фарзанд, инчунин фарзандони қобили кор дар парастории волидон масъулияти конститутсионии худро эҳсос ва дарк карда, мувофиқи он амал намоянд. Рисолати падариву модарӣ ва фарзандӣ низ дар ҳамин аст ва он ба арзиши волои миллати куҳанбунёди мо табдил ёфта, ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар фарде, ки дуои неки падару модарро мегирад, дар навбати худ соҳибиззату соҳибэҳтироми фарзандаш шуда, умри пурбаракат мебинад.
Модарон ва хоҳарони меҳрубон!
Шумо, ки мураббии ҳаёт ва шоҳсутуни зиндагӣ
ҳастед, бо панду андарз, насиҳату меҳри модарона метавонед фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё