Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Модарон баробари рисолати бузурги инсонӣ боз вазифаи муқаддаси тарбияи фарзанди солим, соҳибмаърифат, боодобу некўахлоқ ва дорои маънавиёти баландро бар дўш доранд. Бояд гуфт, ки Қуръони карим фазилати покии фитриро ба зан нисбат дода, қудрати парвариши инсонро ба ў мансуб медонад.
Парвардигор масъулияту азамати модариро аз ҳама авлотар ҳисобида, масъулияти ҷомеаро, махсусан фарзандро дар назди модар ба сатҳи аввал мегузорад.
Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки дар хонадони солим фарзандони солим ба воя мерасанд.
Маърифати фарзандон, рафтору одоб ва ахлоқи ҳамида пеш аз ҳама аз оила, аз падару модар вобаста аст. Мо вақте ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳаввулоти маънавӣ расида метавонем, ки асоси ҷомеаро шахсиятҳои соҳибназар ва дорои нерўи ақлонӣ фаро гирад.
Алалхусус дар шароити имрўзаи глобализатсия ва густариши тафаккури иттилоотӣ ҷавонони мо бояд дастовардҳои навтарини техникаву технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷиро омўхта, аз сатҳи тараққиёти ҷаҳони мутамаддин қафо намонанд. Тарбияи чунин ҷавонони соҳибмаърифат аз шумо вобаста аст.
Бозсохти фазои солим ва ҷамъияти солимро зани солим, модари солим ва фарзандони солим метавонанд ба роҳ монанд. Рисолати таърихии шумо модар будан ва дар маҷмўъ ҷомеаро тарбия намудан аст. Дар ин ҷода нақши зан-модар ба маротиб афзуда, бо сиришти поки худ ояндаи ҷомеаро бо насли наву созанда таъмин менамояд.
Ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон ба таҳаввулоти маънавӣ рў оварда, дар ин самт ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангӣ ноил гардидааст, ки ин ҷо нақши дастони шумо, модарону хоҳарон ва бонувони мўҳтарам назаррас ва бузург аст.

пешина
аз 127
навбатӣ