Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чунин нерўи созанда, ки қишри асосии ҷомеаро фаро гирифтааст, аз ҳиммати ватанпарастӣ, меҳнати дилсўзона ва меҳри модаронаи шумо ташаккул ёфта, Тоҷикистонро ба тамаддуни ҷаҳонӣ мепайвандад.
Шумо пайвандгари наслҳову замонҳо, имрўзу фардои ҷамъият ва ҳусни зеботарин саҳифаи китоби зиндагӣ ҳастед. Боварии комил дорам, ки занони фарзона ва оқилаи тоҷик барои пойдории хонадон, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус ва пешравию ободии кишвар меҳру муҳаббат ва нерўю ғайрати худро дареғ намедоранд.
Бо умеди ояндаи дурахшон, пойдории оила, бақои миллату давлат ва зиндагии осудаҳолонаи ҳамаи сокинони кишвар шуморо – модарону хоҳарони азиз, ки воқеан сарчашмаи тамоми фазилатҳои инсонӣ ва хуррамиҳои ҳаёт ҳастед, бори дигар табрику муборакбод гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ орзумандам.
Бигузор баҳори имсола бо файзу баракати хеш рўзгори ободу зиндагии осоиштаро насибатон гардонад!

Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!

пешина
аз 127
навбатӣ