ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аксари нусхаҳои мунтахаби девони Бедил муқаддима надоранд ва аз анвоъи шеърӣ асосан ғазалу рубоъиро дарбар мегиранд. Нусхаи мазкур бо шомилияти навъҳои гуногуни шеърӣ нусхаҳои комили девонро ба хотир меоварад. Бартарии дигари ни нусха он аст, ки мухаммасе, ки бахши тамхис ба он оғоз меёбад, дар нусхаҳои ба мо маълуми девон ба назар намерасад. Ин мухаммас дар нашрҳои комили куллиёт-нашрҳои Сафдарӣ ва Кобул наз дида намешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки иддае аз нусхаҳои девони Бедил бо номи «девони комил» ё худ «куллиёти девон» маъруфанд. Ин нусхаҳо ба ғайр аз маҷмӯъаи рубоъиёт, ки девони алоҳида аст, тамоми ашъори лирики шоир – таркиббанду тарҷеъбанд, ғазалу мухаммас, қасида, қитъа ва қитъаҳои таърих, рубоъиёти қайди воқеъа, маснавиҳои кӯчаки «Танбеҳулмуҳаввисин», «Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер» ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ»-ро дарбар мегиранд. Қадимтарин нусхаи девони комил онест, ки дар таркиби куллиёти шоир дар китобхонаи оммавии Худобахш маҳфуз аст ва чунон ки гуфтем, дар феҳристи Мавлавӣ Абдулмуқтадир тавсиф шудааст. Нусхаҳои дигари девони комил, ки ба мо маълуманд, ҳама дар қарнҳои 13-14 ҳиҷрӣ (охири асри XVIII-ибтидои асри XX) китобат шудаанд. Ин нусхаҳо агарчи аз ҷумлаи нусхаҳои қадим нестанд, аз ҷиҳати мукаммалӣ ҷолиби диққат мебошанд.
Нусхаҳои комили девони Бедилро беш аз ҳама дар Архиви миллии Афғонистон дидан мумкин аст. Яке аз комилтарин нусхаҳои Архиви миллӣ нусхаи № 117/14 мебошад. Нусха аз муқаддима, ғазал, таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву мухаммас, аз ҷумла ду мухаммаси шаҳрошуб, қитъа ва қитъаҳои таърих, маснавиҳои «Танбеҳулмуҳаввисин», «Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер», «Сифати даҳону гуфтори маъшуқ» иборат аст. Бахши ғазалиёти он тақрибан 28 ҳазор байт дорад. Котиби нусха Муҳаммадлатиф ибни мулло Муҳаммадшарифи шаҳрисабзист, ки онро дар солҳои 1241-1242 ҳиҷрӣ (1825-11827) китобат кардааст.
Нусхаи дигари Архиви миллӣ нусхаест, ки зери №137/7 маҳфуз мебошад. Ин нусхаро Буркӯй дар асари зикршудаи «Нусхаҳои хаттии Афғонистон» тавсиф намуда, номи китоби онро Муҳаммадюнусхоҷа ибни Бобохоҷа ва санаи китобаташро 1147 ҳиҷрӣ (1734-1735) нишон додааст. Ин нусхаро, хушбахтона, мо низ аз назар гузаронидем. Нусха за ҷумлаи комилтарин нусхаҳои девони Бедил аст, ки дар маҷмӯъ 31535 дайтро дарбар дорад.
Мундариҷаи он иборат аст аз муқаддимаи девон, ғазалиёт (миқдори ғазалҳо тахминан 26 ҳазор байт аст), беш аз 300 рубоъӣ, тарҷеъбанду таркиббанд, қасоид, мухаммас, қитъа ва қитъаҳои таърих, маснавиҳои «Танбеҳулмуҳаввисин», «Сифати асп», «Сифати фил», «Сифати шамшер» ва ғайра. Котиби нусха, дар воқеъ, Муҳаммадюнусхоҷа ибни Бобохоҷаи шаҳрисабзист мебошад. Вале санаи китобат 1147 набуда, балки 1246-1247 (1830-1832) аст.
Аммо касе аз ҳарду рақам-ҳам рақами 1246 ва ҳам рақами 1247 адади 2-ро кӯр карда, ба ҷояш адади як навиштааст. Аз чӣ сабаб бошад, ки Буркуй ин ҳолатро нодида гирифтааст.
Санаи китобати бахши ғазалиёт 1246 аст ва он ин тавр сабт ёфтааст: «1246 буд, ки ин нусхаи шариф аз дасти фақир Муҳаммадюнусхоҷа ибни Бобохоҷаи кешӣ тамом ёфт. » Таърихи китобати ҳиссаи дуввуми нусха ин аст: «Ин нусхаи қасоиду рубоъиёт ва муқаттаъоти Мирзо Абдулқодири Бедил… Муҳаммадюнусхоҷа ибни Бобохоҷаи шаҳрисабзӣ, 1247. »

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё