Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шурӯъ мешавад. Ин ғазал аз «Чорунсур»-и худи Бедил гирифта шудааст. Мавзуъи он аз таърифи ҷасорат ва зӯроварии амаки шоир Мирзо Қаландар иборат мебошад. (ниг. Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул, 1344, Чорунсур, саҳ. 54).
Ғазалҳои иловагии ҳошия ва баъзе қайду ишораҳои дигар имкон медиҳанд тахмин намоем, ки ин нусха пораҳои ҷудогонаи нусхаест, ки асоси ҷилди аввали нашри Кобулии куллиёти Бедил гардидааст. Зеро аз ғазалҳои иловагӣ, ки дар ҳошияҳо мавҷуданд, аксарашон дар ҷилди аввали куллиёти нашри Кобул низ ба назар мерасанд.
Илова бар ин, дар саҳифаи 258 ин нусха омадааст, ки қасоид «аз рӯи китоби чопии қасоиди фуюз таҳрир шавад».
Дар ин ҷо мурод аз «китоби чопӣ», яқинан, нашри Сафдарии куллиёти шоир аст, ки бахши қасоиди нашри Кобул аз рӯи он чоп шудааст.
Ногуфта намонад, ки чанд ғазали Файзии Даканӣ ва як ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин нусха низ роҳ ёфтаанд. Хушбахтона, ин иштибоҳро касе бо ишораи «Ин ғазал аз Бедил нест»
ислоҳ намудааст.
Аз нусхаҳои девони комил чанд ададро дар китобхонаҳои шаҳри Душанбе низ дидан мумкин аст, Яке аз онҳо нусхаи № 4 китобхонаи Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон аст, ки дар феҳристи дохилии ин китобхона бо номи «Куллиёти Бедил» қайд гардидааст. Нусха аз муқаддима, ғазал, таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву қитъа, мухаммасу рубоъӣ (300 рубоъӣ) ва маснавиҳои «Танбеҳулмуҳаввисин», «Сифати шамшер», «Сифати фил», «Сифати асп», «Сифати забон ва каломи маъшуқ» иборат мебошад. Номи котиб, таърих ва маҳалли китобат зикр наёфтаанд. Ин нусха низ, пеш аз ҳама, аз нигоҳи комил буданаш ҷолиби диққат аст. Бахши ғазалиёти он беш аз 26 ҳазор байт дорад. Дар байни нусхаҳои ба мо маълуми девон ин нусха ягона нусхаест, ки дар он ҳарду мухаммаси шаҳрошуби шоир бо номҳои муъайян дарҷ гардидаанд. Мухаммасе, ки бо мисраъи «Ассало, эй сархушони ҷоми иқболи тараб» оғоз меёбад, дар ин нусха чунин унвон дорад: «Дар таҳнияти қудуми шаҳзодае, ки ба воситаи бевафоии умаро ҷилоҳ шуда, ба сӯҳбати Мирзо (Бедил-Б. Р) расидаанд».
Унвони шаҳрошӯби дуввум (Ин хирасаре чанд, ки не ҳолу на қоланд) ин аст:
«Мухаммаси шаҳрошуб дар мазаммати шуюх ва уламои ботил».
Нусхаи дигаре, ки дар шаҳри Душанбе мавҷудаст, нусхаи № 1145 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон мебошад, ки дар ҷилди чоруми «Феҳристи дастхатҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон» (Душанбе, 1970, саҳ. 17) мухтасаран тавсиф шудааст. Нусха дар соли 1230 (1815) дар Бухоро, дар мадрасаи Бибихалифа рӯйнавис шуда, муқаддима, ғазал, мухаммас, таркиббанду тарҷеъбанд, қасидаву қитъа, рубоъиёти қайди воқеъа ва маснавии «Танбеҳулмуҳаввисин»-ро дарбар кардааст. Мутаасифона, дар ин нусха низ чанд шеъри Файзии Даканӣ дохил гардидааст, ки яке аз онҳо ғазалест бо ин матлаъ:
Маҳбуби ману ҳабиби ман ку?
Бемор шудаам, табиби ман ку?
Аз нусхаҳои Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон нусхаи № 2465 низ қобили зикр аст. Ин нусха низ дар асри XIX, дар соли 1843 (1259 ҳиҷрӣ) китобат шуда, тақрибан тамоми ашъори лирикии шоирро фаро гирифтааст. Тафовути ин нусха нисбат ба нусхаҳои дигар он аст, ки дар ин ҷо таркиббанди шоир пеш аз муқаддимаи девон омадааст, яъне муқаддима ва таркиббанд ҷойҳои худро иваз кардаанд.

пешина
аз 250
навбатӣ