ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Як хусусияти дигари ин нусха ин аст, ки ба чанде аз ғазалу қасида ва қитъаҳои он аз рӯи мазмунҳояшон сарлавҳа ё худ унвон гузошта шудааст. Масалан, пеш аз тарҷеъбанди шоир ин сарлавҳа дарӣ гардидааст: «Тарҷеъбанд муштамил бар маъонию ибороти аҷибия ва мазомину ишороти ғарибия».
Ё худ пеш аз ғазали «Эй нашъаи паймонаи қудрат, ба чӣ корӣ?» ин сарлавҳаро хондан мумкин аст: «Ғазал дар мадҳи вазир ва таҳрис бар риъояти раъоё».
Ҳамчунин «Ғазал дар таърихи вафоти Шоҳиҷаҳон», «Қасида муштамил бар мадҳу ҷулуси султон Муъизуддин ва таърихи он», «Қитъа дар вафоти Оқилхон, ки ҳар мисраъ таърих аст», «Қитъа дар санъате ки адади «шоҳ Фаррухсияр» ва адади «мазҳари эзиди корсоз» баробар мешаванд аз ҷумла шеърҳои унвондори ин нусха мебошад.
Котиби нусха ё шахси дигаре, ки ба шеърҳои Бедил унвонҳо гузаштааст, зоҳиран, ба осори шоир ва авзоъи сиёсии асри ӯ ошноии кофӣ надоштааст, ки ба чанде аз шеърҳо унвонҳои ғалат додааст. Масалан қитъаи машҳури шоъир:
Ба соле ки Бедил ба мулки зуҳур
Зи файзи азал тофт чун офтоб,
Бузурге хабар дод аз мавлидаш,
Ки ҳам «файзи қудс» асту ҳам «интихоб. »
зери ин овора шудааст: «Қитъа дар таърихи валодати Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бузурге фармуда».
Ҳамчунин шеъре ки бо сарлавҳаи «Қитъа дар таърихи валодати шоҳзода Оламгир»
омадааст, таърихи таваллуди Оламгир набуда, таърихи таваллуди писари хурдии ӯ Муҳаммад Комбахш аст. Аз моддаи таърихи ин қитъа «шамъи мунири Оламгир», адади 1081 бармеояд. Дар сурате ки таърихи таваллуди Оламгир 1028 аст, ки дар ин вақт Бедил ҳанӯз ба дунё наомада буд.
Чунон ки борҳо гӯшрас намудем, дар баъзе нусхаҳои хаттии девони Бедил чанд ғазал аз шоирони дигар, аз ҷумла Файзии Даканӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, низ дохил шудаанд. Дар аксари ин нусхаҳо дар хусуси моли Бедил набудани онҳо қайду ишорае вуҷуд надорад.
Танҳо дар ду нусха – нусхаи № 171\23 Архиви миллии Афғонистон ва нусхаи № 565 Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсии Тоҷикитсон ишора шудааст, ки ин ғазалҳо аз Бедил нестанд.
Умуман, дар нусхаҳои хаттии девони Бедил то ба имрӯз ба ҳафт ғазали бегона дучор омадан мумкин аст, ки панҷтоаш ба Файзии Даканӣ, яктоаш ба Абдураҳмони Ҷомӣ ва яктои дигараш ба шоири ба мо номаълуме таъаллуқ доранд. Матлаъҳои 5 ғазали Файзӣ инҳоянд:
- Базм чун водии Айман шуда пурнур имшаб, Шамъро ханда бувад бар шаҷари Тур имшаб.
- Меравад он шаҳсавор бурда зи ҷонҳо шикеб, Ишва маъорифшикор, ғамза малоикфиреб.
- Эй зи хубони ҷафоҷӯ дар ситамкорӣ масал, Фитнаҷӯёнро ҷафоҳои ту дастуруламал.
- Аз ғами он парӣ чунон шудаам, ки зи чашми халқ ниҳон шудаам.
- Маҳбуби ману ҳабиби ман ку?
Бемор шудаам, табиби ман ку?
(ниг. Куллиёти шайх Абулфайзи Файзӣ. Муштамил бар қасоиду ғазалиёт ва матолеъ.
Ҷилди аввал. Мураттабаи дуктур Аршад, Лоҳур, 1967. саҳ. 225, 228, 335, 432, 492).
Матлаъи ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ин аст:
Дӯстон, чанд кунам нола зи бемории дил?
Кас гирифтор мабодо ба гирифтории дил.
(ниг. Абдураҳмони Ҷомӣ, Фотиҳатушшубоб. Аз рӯи ҳашт нусхаи хаттии қадимтарин. Ба кӯшиши Аълохон Афсаҳзод, Маскав, 1978, саҳ. 382).
Ғазали ҳафтум ғазалест, ки танҳо дар як нусха – нусхаи зикршудаи № 186 Музеи таърихии шаҳри Панҷакент (вар. 37 «а») ба назар расид. Агарчи аниқ кардани муаллифи ҳақиқии он ба мо муяссар нагардид, шеъри Бедил набуданаш яқин аст. Гуфтан лозим аст, ки ба содагии тарзи баён ва услуби нигориш ин ғазал низ ба ғазалҳои Файзӣ шабоҳат дорад. Вале мо онро аз ҷилди аввали куллиёти ӯ, ки дар ихтиёр доштем, пайдо карда натавонистем. Ҳоло ба мақсади тақвият додан ба фикри хеш, яъне таъкиди он, ки ин ғазал аз Бедил нест ва муъайян шудани муаллифи ҳақиқии он матни пураашро сабт менамоем:
Шаб, ки банди ниқоб во кардӣ,
Ду ҷаҳон чашм мубтало кардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё