Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саввумин нусхаи Архиви миллӣ зери № 164\22 маҳфуз аст. Ин нусха нисбат ба ду нусхаи зикршуда хурдтар аст ва танҳо аз муқаддима, ғазалу қасида ва як маснавӣ- «Танбеҳулмуҳаввисин» иборат аст. Бино бар қавли котиби нусха, он аз рӯи нусхаи асл рӯйнавис шудааст. Номи котиб, таърих ва маҳалли китобат дар охири нусха ин тавр баён гардидааст: «Лилаҳилҳамд, ба итмом расид ва ба ихтитом анҷомид нусхаи девони фасоҳаттарҷумони Мирзо Абдулқодири Бедил ба дастёрии қалами шикастазабон дар қасабаи дорулфатҳи Ғиждувон (воқеъ дар Бухоро-Б. Р) дар санаи 1275 (1858-1859милодӣ). Катбту мин нусхатиласли. Ано алъабду Муҳаммадҳусайн ибни мулло Муҳаммадазим».
Баъд аз қайди мазкур ғазали шоир бо матлаъи Чист инсон? Муфради килки дабиристони раб, К-ин ҳама авзоъи асморост таркибаш сабаб» ва мухаммаси шаҳрошӯби ӯ «Ин хирасаре чанд, ки не ҳолу на қоланд» дарҷ гардидаанд. Дар поёни ду шеъри мазкур ишораи зайл сабт ёфтааст: «Муҳаррара Сулаймонхоҷа 1272 (1855-1856 милодӣ-Б. Р)».
Чаҳорумин нусхаи архиви миллӣ, ки зери № 172\23 маҳфуз аст, «Ашъори Бедил» унвон дорад ва он асосан аз ғазал иборат аст. Нусха бо ғазали машҳури «Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо» оғоз шуда, бо ғазали «Қадаҳ май бар каф асту шамъ гул дар остин дорад» ба поён мерасад. Яъне нусхаи нотамоми девони ғазалиёт аст. Дар нусха роҷеъ ба таърихи китобату номи котиб қайду ишорае ба назар намерасад. Замони китобати он ба солҳои аввали асри XX рост меояд. Ин нусха, зоҳиран, нусхаест, ки яке аз нашрҳои кобулии девони Бедил – нашри соли 1334 ҳиҷрии қамарӣ (1916 милодӣ) аз рӯи он сурат гирифтааст.
Нашри мазкур низ чун нусхаи зикршуда ғазалиёти шоирро то охири радифи дол дарбар кардааст.
Аз нусхаҳои Архиви миллии Афғонистон боз ду нусхаи дигарро зикр бояд кард. Яке нусхаи № 83\23, ки бо номи «Девони Бедил» маҳфуз аст ва дигаре нусхаи 171\23, ки «Ашъори Бедил» унвон дорад. Нусхаи № 83\23 яке аз бузургтарин нусхаҳои девони шоир аст. Ҳаҷми он 1670 саҳифа буда, дар ҳар саҳифа бистогӣ байт ҷойгир шудааст. Шумораи умумии абёташ наздик ба 34 ҳазор аст. Нусха, ғолибан, дар ибтидо ё миёнаҳои асри XX китобат шудааст. Муқаддимаи мансуре, ки дар аксар нусхаҳои комили девон мавҷуд аст, дар ин нусха дида намешавад. Агар ба қайди дар нусха вуҷуддошта, ки миқдори ғазалҳоро 3087 гуфтааст, бовар кунем, ин нусха комилтарин нусхаи девони ғазалиёти Бедил хоҳад буд. Аз нусхаҳои то кунун ба мо дастрасшуда ҳеҷ яке ин миқдор ғазалҳоро дарбар накардааст. Ҷилди аввали нашри кобулии куллиёти Бедил, ки комилтарин нусхаи чопист, ҳамагӣ 2836 ғазал дорад.
Аммо ба назар чунин мерасад, ки ин нусха танҳо аз ғазал иборат нест. Тахмин намудан мумкин аст, ки дар ин нусха навъҳои дигари шеърӣ, масалан, таркиббанду тарҷеъбанд ва қитъаҳои матлаъдор низ дохиланд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин ҷо мухаммасҳои шоир низ мавҷуд бошанд.
Нусхаи № 171\23 аз 141 саҳифа иборат аст ва ҳар як саҳифааш шаш сутун шеър дорад.
Дар 47 саҳифаи аввали он ғазалҳо бо радифи алиф ҷой гирифтаанд. Саҳифаҳои боқимонда радифҳои мим, нун, фе, қоф, айн ва ғайнро дарбар кардаанд. Дар радифҳои дигар ҳарфҳо ғазал умуман вуҷуд надорад. Ноқис будани нусха ва рақамҳои аз ҳаҷми нусха зиёд (265, 270, 250 ва ғайра) доштани саҳифаҳои он далел бар онанд, ки ин нусха бахшҳои ҷудогонаи нусхаи комили девон аст. Дар ҳошияҳои баъзе саҳифаҳои ин нусха ғазалҳои иловагие мавҷуданд, ки хаташон аз хати матни асосӣ фарқ мекунад. Яъне ин ғазалҳоро каси дигаре вориди нусха гардонистааст. Яке аз чунин иловаҳо, ки дар саҳифаи 4 дарӣ гардидааст, ғазали чорбайтаи бемақтаъест, ки бо матлаъи Таҳамтаннашъа пурзӯре ки аҷзи нотавониҳо
Зи паҳлӯяш занад бар хок пушти паҳлавониҳо.

пешина
аз 250
навбатӣ