ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Не нигоҳе, на ишва, не рухе,
Хуш ситам бо ман ошно кардӣ.
Аз ҷафоҷӯию ситамкорӣ
Ин ҳама доштӣ, ба мо кардӣ.
Бехабар рафтӣ аз сари бисмил,
Эй ситампеша, ин чаро кардӣ?
Оламеро ба як адои нигоҳ
Куштаи дашти Карбало кардӣ.
Нусхаҳои хаттии девони рубоъиёти Бедил
Қадимтарин нусхаи девони рубоъиёти Бедил нусхаест, ки дар китобхонаи зикршудаи Худобахш маҳфуз аст. Тавсифи мухтасари он дар ҷилди саввуми феҳристи Муқтадир (Калкутта, 1912, № тавсиф 385) дарӣ гардидааст. Бино бар қавли Муқтадир, нусха дар соли 1115 ҳиҷрӣ (1703-1704 милодӣ) ба қалами худи Бедил китобат шудааст ва бо рубоъии «Ҳамди ду ҷаҳон сазои зоти якто» шурӯъ мешавад.
Дар китобхонаи мазкур нусхаи дигаре аз рубоъиёти шоир мавҷуд аст, ки он ҳам дар замони зиндагии муаллиф китобат шудааст. Ба қавли Муқтадир, китобати ин нусха рӯзи чоршанбеи 18 ҷимодиюлаввали соли 1122 (15 июли 1710) ба итмом расидааст. Нусха бо рубоъии «Он кас ки муназзаҳ аст аз обу гили мо» оғоз ёфтааст. Номи котиб, зоҳиран, дар нусха сабт наёфтааст, ки Муқтадир низ дар ин бора чизе нагуфтаааст.
Саввумин нусхае, ки дар замони зиндагии муаллиф китобат шудааст, нусхаи китобхонаи Индия Оффиси Лондон аст. Бо шаҳодати муаллифи феҳристи ин китобхона Этте, ин нусха
17 муҳаррами 1126 (2 феврали 1714) бо қалами Муҳаммадворас ибни Муҳаммадбоқари Сиддиқӣ китобат шудааст. Ин нусха низ бо рубоъии «Он кас ки муназзаҳ аст аз обу гили мо»
оғоз мешавад.
Як нусхаи муътабари рубоъиёт дар захираи дастхатҳои Музеи Британия (Лондон) маҳфуз аст, ки дар 9 рабеъулаввали соли 1133 (8 январи 1721) рӯйнавис шудааст. Нусха дар ҷилди иловагии феҳристи Чарлз Рё «Нусхаҳои хаттии Музеи Британия» (Лондон, 1895, саҳ. 212) тавсиф шудааст. Тибқи гуфтаи Рё, ин нусха дорои 135 варақ буда, 126 варақи он шомили рубоъиёт ва 10 варақи охираш ҳовии чанд ғазалу мухаммасу рубоъиест, ки зери унвони «Ҳаҷвиёт» дарҷ гардидаанд. Бахши рубоъиёт бо рубоъии «Он кас ки муназзаҳ аст аз обу гили мо» ва бахши ҳаҷвиёт бо ғазали «Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин ки дорад?» шурӯъ мешаванд. Ғолибан, китобати ин нусха замоне оғоз ёфтааст, ки муаллифи он дар қайди ҳаёт будааст. Котиби нусха дар варақи 126 «а»
, яъне дар поёнии бахши рубоъиёт навиштааст, ки муаллифи ин китоб Мирзо Абдулқодири Бедил рӯзи панҷшанбеи 4 сафари соли 1133 аз олам гузашт.
Як нусхаи рубоъиёти Бедил дар китобхонаи шоҳии Берлин маҳфуз буд. Муаллифи феҳристи нусхаҳои форсии китобхона Вилҳелм Перч онро тавсиф кардааст. Тибқи гуфтаи ӯ, нусха бо амри Мирзо Иноятуллоҳ ном шахс рӯзи ҷумъаи саввуми зулҳиҷҷаи 1333 (25 сентябри 1721) дар шаҳри Деҳлӣ рӯйнавис шудааст. Котиби нусха аз худ ном набурдааст.
Нусха бо рубоъии «Эй мавҷи шикасти ранги иқболи бақо» оғоз меёбад.
Аз нусхаҳои қадими рубоъиёт як нусха дар Китобхонаи ҳокимони Авадҳ (ш. Лакҳнави Ҳиндустон) вуҷуд дошт. Бино бар қавли Шпренгер – муаллифи «Феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ, форсӣ ва ҳиндустонии Китобхонаи ҳокимони Авадҳ» (Калкутта, 1854, саҳ. 379), нусха соли 1133 (1720-1721) китобат шуда, 4000 рубоъӣ дорад. Ба ибораи дигар гӯем, вай аз ҷумлаи комилтарин нусхаҳои девони рубоъиёти шоир ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё