ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Гуфтан лозим аст, ки соли 1857 дар вақти шӯриши сипоҳиёни Ҳиндустон бахше аз дастхатҳои Китобхонаи ҳокимони Авадҳ нобуд шуда буд. Аз ин ҳодиса оё нусхаи мазкур низ талаф ёфт ё на? – ба мо маълум нест.
Нусхае аз рубоъиёти Бедилро дар Ҷамъияти осиёии Бангола (шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон) дидан мумкин аст. Муаллифи феҳристи нусхаҳои хаттии ин ҷамъият Вл. Иванов онро тавсиф намуда, таърихи китобаташро асри XII ҳиҷрӣ (XVШ милодӣ) ба қалам додааст.
Нусхаҳои хаттии маснавиҳои шоир
Маснавиҳои калонҳаҷми Бедил, чунон ки маълум аст, иборатанд аз «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифат» ва «Ирфон». Тавсифи нусхаҳои хаттии ин асарҳо низ аз рӯи қадомати нусхаҳо дода мешавад, на аз рӯи таърихи таълифи онҳо.
Теъдоди нусхаҳои хаттии маснавиҳои мазкур нисбат ба нусхаҳои хаттии девони шоир чандин мартаба камтар аст. Аз ин рӯ, миқдори нусхаҳои қадими онҳо низ ниҳоят кам мебошад.
Аз ҷумлаи нусхаҳои хаттии маснавиҳо қадимтаринашон нусхае аз «Муҳити аъзам» аст, ки дар Архиви миллии Афғонистон зери № 35\8 нигоҳ дошта мешавад. Ин нусха дорои тахминан шаш ҳазор байт буда, рӯзи якшанбеи зулқаъдаи соли 1099 ҳиҷрӣ (5 сентябри 1688 милодӣ) ба қалами худи Бедил китобат шудааст. Ба эътибори он ки санаи китобати нусха ба замони таълифи маснавӣ рост меояд, тахмин намудан мумкин аст, ки нусха нусхаи асл аст.
Яъне аввалин нусхаи хаттии маснавист. (Доир ба ин нусха ниг. ба мақолаи «Муҳити аъзам»
ба хати худи Бедил»).
Дар Архиви миллии Афғонистон нусхаи дигаре аз «Муҳити аъзам» (№ 138\4) мавҷуд аст, ки ҳамагӣ як сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 1134 (1721-1722), китобат шудааст.
Ин нусха низ нусхаи комил буда, 6019 байт дорад. Аммо муқаддимаи мансуре, ки дар дигар нусхаҳои хаттӣ ва нашри кобулии асар мавҷуд аст, дар ин нусха ба назар намерасад. (Доир ба ин нусха ниг. ба маҷаллаи «Ориёно», Кобул, 1329, шумораи далв).
Нусхаи қадиме аз «Муҳити аъзам»-ро дар Институти дастхатҳои АИ ҷумҳурии Ӯзбекистон (Тошканд) дидан мумкин аст. Бино бар қавли мураттибони ҷилди дуввуми феристи дастхатҳои ин муассиса, санаи китобати нусха 1118 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1706 милодист. (ниг. Каталог фонда Института рукописей АН Узб. ССР. Том 2. Ташкент. 1988).
Дар дигар муассисаи илмии Тошканд – Институти шарқшиносии АИ ҷумҳурии Ӯзбекистон низ чанд нусхаи «Муҳити аъзам» мавҷуд аст. Муаллифони феҳристи дастхатҳои ин пажуҳишгоҳ нусхаҳои асарро тавсиф намуда, таърихи китобати яке аз онҳоро (нусхаи № 1260-ро) асри XVII тахмин намудаанд (ниг. Собрание восточных рукописей АН Уз ССР.
Том 2. Ташкент. 1954, стр. 297).
Як нусхаи қадими «Муҳити аъзам»-ро дар китобхонаи Индия – Оффис дидан мумкин аст.
Тибқи тавсифе, ки дар феҳристи Этте омадааст, нусха 19 шавволи 1161 (12 октябри 1748) китобат шудааст. Ин нусха низ чун нусхаи № 138\4 Архиви миллии Афғонистон бе муқаддимаи мансур аст. (Ниг.: ба феҳристи Ҳ. Этте, тавсифи № 1682).
Бино бар қавли муаллифи мақолаи «Нусухи хаттии форсӣ дар Музеи Бритониё» Мардит Авнас, дар Музеи Британия низ як нусхаи қадими «Муҳити аъзам» вуҷуд доштааст, ки китобаташ ба охири асри XI ва ибтидои асри XII ҳиҷрӣ (охири асри XVII милодӣ) рост меомадааст. (ниг. Нусхаҳои хаттӣ. Дафтари чаҳорум. Теҳрон, 1344, саҳ. 686).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё