ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чанд нусхаи комили «Муҳити аъзам»-ро дар китобхонаи Донишгоҳи Лоҳур пайдо намудан мумкин аст. Муаллифи рисолаи «Бедил» (Лоҳур, 1952, саҳ. 249) хоҷа Ибоддуллоҳи Ахтар навиштааст, ки яке аз нусхаҳои китобхонаи Донишгоҳи Лоҳур замоне зери мутолаъаи шоири маъруф Мирзо Асадуллоҳхони Ғолиб (1797-1869) қарор доштааст. Мирзо Ғолиб дар саҳифаи авали маснавӣ байти зеринро нигошта будааст:
Ҳар ҳубоберо ки мавҷаш гул кунад, ҷоми Ҷам аст, Оби ҳайвон оби ҷӯе аз «Муҳити аъзам» аст.
Пас аз байти мазкур мӯҳри шахсии Мирзо Ғолиб ва санаи 1231 ҳиҷрӣ (1816 милодӣ) сабт ёфтаанд.
Ба эътибори қадимияти нусхаҳо пас аз ошноӣ бо нусхаҳои «Муҳити аъзам» навбат ба нусхаҳои «Ирфон» мерасад. Аз ин маснавӣ низ чанд нусхаи қадим, аз ҷумла ду нусхаи дар аҳди муаллиф китобатшуда, маълум аст. Яке аз онҳо нусхаи № 7093 Музеи Британия мебошад, ки тавсифашро дар ҷилди дуввуми феҳристи Чарлз Рё хондан мумкин аст. Тибқи навиштаи Рё, нусха аз 332 варақ иборат аст ва дар ҳар варақаш 34 байт ҷой дода шудааст. Ба таъбири дигар гӯем, нусха беш аз 11 ҳазор байт дорад, яъне аз ҷумлаи нусхаҳои комил ба шумор меравад. Навъи хаташ настаълиқ, санаи китобаташ моҳи раҷаби соли 1128 ҳиҷрӣ (июли 1716 милодӣ) ва номи котибаш Аллоҳбахш аст. Дар саҳифаи аввали нусха қайде мавҷуд аст ба ин мазмун: соли 1159 ҳиҷрӣ (1746 милодӣ) буд, ки ин нусхаро Мирзо Муҳаммад ибни Мӯътамадхон харидорӣ кард. Дар саҳифаи мазкур инчунин мӯҳре дида мешавад бо номи Архивалд Суинтон ва таърихи 1174 ҳиҷрӣ (1760-1761).
Нусхаи дигари аҳди муаллиф, ки он ҳам дар соли 1128 ҳиҷрӣ (1716) китобат шудааст, дар китобхонаи шарқии Донишгоҳи исломии Алигарҳ (захираи Мавлавӣ Сайид Субҳоноллоҳ) маҳфуз аст. (ниг. Феҳристи нусухи қаламии Субҳоноллоҳ Уринтал лобрайрӣ Муслим юниверсити Алигарҳ. Мураттабаи Сайидкомили Ҳусайн. Ба эҳтимоми Муҳаммад Муқтадирхони Сарвонӣ. Алигарх. 1930, саҳ. 40).
Аз маснавии «Ирфон» як нусхаи қадим дар Ҷамъияти Осиёии Бангола (шаҳри Какуттаи Ҳиндустон) мавҷуд аст. Ба қавли муаллифи феҳристи нусхаҳои хаттии ҷамъият Вл. Иванов, нусха дар асри 12 ҳиҷрӣ (асри 18) китобат шудааст (ниг. Вл. Иванов, 1924, саҳ. 383).
Чанд нусхаи «Ирфон» дар Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон маҳфуз аст. Яке аз онҳо нусхаи № 3131 аст, ки дар 11 ҷимодиюлаввали соли 1205 ҳиҷрӣ (16 январи 1791) бо қалами мулло Абдуззуҳур ибни Муҳаммадраҳим ном шахс китобат шудааст (ниг. Каталог восточных рукописей АН Тадж. ССР. Том 4. Душанбе. 1970, стр. 43).
Нусхае аз «Ирфон» зери рақами 490 дар Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Салтиков
– Шедрин (Санкт - Петербург) мавҷуд аст. Санаи китобати он 1235 ҳиҷрӣ (1819-1820) аст.
Номи котибаш зикр наёфтааст. Нусха нусхаи ноқис аст: чанд варақи аввалаш вуҷуд надорад.
Шояд бо сабаби ноқисиаш бошад, ки дар феҳристи дохилии китобхона иштибоҳан бо номи «Муҳити аъзам» қайд гардидааст.
Аз маснавии нахустини шоир «Тилисми ҳайрат» низ нусхаҳои қадим мавҷуданд. То ҷое ки ба мо маълум аст, қадимтарин нусхаи хаттии ин асар нусхаи китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Бино бар қавли собиқ кормандони китобхона А. Пӯлодов ва Ҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё