Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истифода накардан аз нусхаҳои хаттӣ боиси ноқис ба табъ расидани баъзе асарҳо низ гардидааст. Масалан, маснавии “Тилисми ҳайрат” дар нашри Кобул нисбат ба баъзе нусхаҳои хаттии асар, аз ҷумла нисбат ба нусхаи № 2559 Институти шарқшиносӣ АИ Тоҷикистон, бист байт кам аст. Маснавӣ дар нашри Кобул 3464 байт дораду дар нусхаи хаттии мазкур 3484 байт. Аз ин бист байт даҳ байти аввал аз бахши “Сайри қомат” асту даҳ байти дигар аз бахши баъдинаи асар. Ноқис будани бахшҳои мазкур аз матни худи онҳо низ маълум аст. Масалан, бахши “Сайри қомат” дар нашри Кобул бо ин байтҳо оғоз ёфтааст:
Чӣ қомат? Авҷи кори орзуҳо,
Ҳамон меъроҷи фикри ҷустуҷӯҳо.
Набинад ҳеҷ кас доғе ки шаҳ дид,
Ба манзил буду чандин ранҷи раҳ дид.
Чунон ки мебинем, ин ду байт бо ҳам иртиботи маъноӣ надоранд. Байти дуввум идомаи байти аввал нест. Дар байни ин ду байт нарасидани чизе ҳис карда мешавад.
Ҳамин гуна ноқисиро дар баъзе саҳифаҳои “Чорунсур” низ дидан мумкин аст. Чунончи, дар саҳифаи 91 баъд аз мисраи “Хаёли дӯст мабод шавад ғуборолуд” ин ҷумлаҳо аз матн берун мондаанд: “Бе такаллуф, дилҳои ин қавм аз роиҳаи ҳубби аҳли байт минои гулобе дар бағал дошт, агар шайтон дар он зарф намешошид (ва) бисоти эътиқодашон райҳонзоре ба арз оварда буд, агар таассуб дар ин ҷо намерид. Биноии ин бебасиратон мояи залолату кӯрист ва чароғи ин сиёҳдарунон далели тирагиву бенурӣ”
.
Ҳамчунин дар саҳифаи 205 пас аз ҷамлаи “Интисоби ҳаёву имон бо ақли таҳқиқрақам нисбати ибороту мазомин аст бо қалам” ин ҷумлаҳо аз матн берун мондаанд. “Асрори қалам аз руқум дар кисвати бепардагиву урёнист ва зуҳури руқум иҷтимои кайфиёти моддаи алфозу маонӣ. Пас ҳаё бар ақл далелест равшантар аз об ва имон ҳамчунон аз ақл мубарҳан чун сурати мазмун аз китоб” (Ниг.: Куллиёти Бедил, нашри Лакҳнав, саҳ. 365, 465, нашри Сафдарӣ, саҳ. 38, 71).
Нуқсони дигаре, ки дар ин нашри Куллиёт ба назар мерасад, ба он ворид гардидани чанд шеъри бегона аст. Масалан, дар саҳифаҳои 180, 336 ҷилди дуввум ба ду адад рубоие дучор меоем, ки дар асл моли Бедил нестанд. Ин рубоиҳо аз “Чорунсур”-и шоир гирифта шудаанд ва шеъри Бедил набуданашон дар он асар таъйид гардидааст. Рубоии аввал, ки ба қалами устоди Бедил. Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ тааллуқ дорад, ин аст:
Дар кӯи дилором гузар бояд кард,
Феъли бади хешро бадар бояд кард.
Оинаи шавқ босафо бояд дошт,
Дар вай рухи ёрро назар бояд кард.
(Ниг.: Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул, 1344. с. 71).
Рубоии дуввум, бино бар гуфтаи худи Бедил, моли шоире аз шоирони қадим аст. Онро низ дар ин ҷо дарҷ менамоем:
Дидем ниҳони гетиву асли ҷаҳон,
В-аз иллату осор гузаштем осон.
Он нури сияҳ зи нуқтае бартар дон,
З-он низ гузаштем, на ин монду на он.
(Ҳамон ҷо саҳ. 275).
Дар саҳифаи 216 ҷилди дуввум бо як рубоии шубҳаноки дигар низ дучор шудан мумкин аст. Инак онро низ дар ин ҷо нақл менамоем:
Оина ба ҳусни дилкушои ту расад, Эй ҷони нигоҳ, Ҳам шона ба зулфи мушксои ту расад, Моро чӣ гуноҳ?
Мо хок шавему сурма манзур афтад, Доғем зи рашк, Дил хун шаваду ҳино ба пои ту расад, Субҳоналлоҳ.
Муаллифи тазкираи “Натоиҷулафкор” (Бамбай, 1336 шамсӣ, саҳ. 196) қудратуллоҳи Гупомӯӣ рубоии мазкурро ба Муҳташамалихони Ҳашмат (вафоташ 1750) ном шоир нисбат додааст.

пешина
аз 250
навбатӣ