ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ин рубоӣ аз ҷумлаи шеърҳоест, ки дар нашри Сафдарии Куллиёт вуҷуд надоранд ва онҳоро фозили номбурда Ҳофиз Нурмуҳаммади Каҳгадоӣ аз нусхаҳои хаттӣ ҷамъоварӣ намудааст. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки навиштаи муаллифи “Натоиҷулафкор” ба ҳақиқат наздик бошад.
Мураттиби Куллиёт аз асарҳои насрии шоир ба ҷилди дуввум рубоиётеро низ дохил кардааст, ки дар алоҳидагӣ мазмун ва маънои тамомшударо ифода намекунанд. Ин гуна рубоиҳо танҳо дар ҷои аслии худ, яъне дар дохили асарҳои насрӣ ин ё он фикрро ба пуррагӣ инъикос менамоянд. Масалан, дар саҳифаи 250 ҷилди дуввум рубоии зеринро хондан мумкин аст:
Аз бому дараш вусъати машраб гулҷӯш,
Бо файзи саҳар ғубори ӯ дӯш ба дӯш.
Чун ҳалқаи зулфи ёр хуршедшикор,
Чун хонаи оина таҷаллиоғӯш.
Ин рубоӣ низ аз “Чорунсур” нақл шудааст. Дар “Чорунсур” пеш аз сабти рубоӣ таърифи як хона омадааст ва рубоъӣ идомаи ҳамон таъриф аст (Ниг.: ба ҷилди чоруми куллиёт, Чорунсур, саҳ. 123).
Ҳамин гуна ҳодисаро дар ҷилди аввали Куллиёт низ дидан мумкин аст. Масалан, дар саҳифаи 645 ин ҷилд ғазале мавҷуд аст, ки бо матлаи зайл оғоз меёбад:
Магӯ, ин нусха таври маънии якдаст кам дорад, Ту хориҷнағмаӣ, сози сухан сад зеру бам дорад.
Маънии ин ғазал низ дар танҳоӣ дуруст ошкор намегардад. Дар ин ҷо фаҳмида намешавад, ки дар ин ғазал дар хусуси кадом нусха сухан меравад. Ин ғазал низ вақте маънои худро пурра зоҳир менамояд, ки дар ҷои аслии худ хонда шавад. Ҷои аслии ин ғазал муқаддимаи девон аст. Яъне ҷузъе аз муқаддимаи девон маҳбуб мешавад ва мурод аз “ин нусха” нусхаи девон мебошад.
Дар нашри кобулии Куллиёт ба чанде аз асарҳои чи хурд ва чи бузурги шоир унвонҳои ғалат дода шудааст. Чунончи, маснавии “Тури маърифат” бо ду ном – “Тури маърифат” ва “Гулгашти ҳақиқат” дарҷ гардидааст. Дар сурате ки ин асар як ном дорад ва ин ном “Тури маърифат” аст (Дар ин бора ниг. Ба мақолаи “Чанд мулоҳаза дар бораи “Тури маърифат”-и Бедил” дар ҳамин маҷмӯа). Ин гуна унвонгузории ғалат дар мавриди маснавии “Танбеҳулмуҳаввисин” низ рух додааст. Ин маснавӣ дар ин нашри Куллиёт бо номи “Кимиё” омадааст, ки саҳеҳ нест. Ин асар чи дар нусхаҳои хаттии осори Бедил ва чи дар манбаъҳои адабии наздик ба замони ӯ бо номи “Танбеҳулмуҳаввисин” ёд шудааст.
Дар байни муқаттаоти Бедил қитъаи таърихе мавҷуд аст, ки ба муносибати бар тахти салтанат нишастани Муъизиддин Ҷаҳондоршоҳ ном подшоҳи вақти Ҳиндустон гуфта шудааст. Ҳамин қитъа дар ҷилди дуввуми Куллиёт (Қитъаҳо саҳ. 157) бо унвони ғалат, яъне “Таърихи ҷулуси Фаррухсияр” дарҷ гардидааст. Дар ҳоле ки ба Ҷаҳондоршоҳ дахл доштани он аз мазмунаш ба хубӣ равшан аст:
Теғи ҷаҳондори замон рӯзе ки шуд барқофарин, Иқболи қайсар даст шуст аз Зуҳра то Хоқони Чин.
Ороиши кавну макон, фармонавои инсу ҷон,
Нури замину осмон, яъне муъизи мулку дин.
Адлаш сипеҳри маъдалат, ҷудаш муҳити макрамат, Зоташ бақои мамлакат, номаш ҷаҳонбахши нигин.
Сабаби унвони ғалат гирифтани ин қитъа он аст, ки ҳам Ҷаҳандоршоҳ ва ҳам Фарухсияр дар як сол – соли 1124 ҳиҷрӣ подшоҳ шуданд. Ҷаҳондоршоҳ дар ибтидои солу Фарухсияр дар охири сол.
Дар саҳифаи 434 ҷилди дуввуми Куллиёт қитъаи таърихе мавҷуд аст, ки аз моддаи таърихи он санаи 1130 берун меояд. Ин қитъа дар асл таърихи вафоти яке аз дӯстон ва ҳомиёни Бедил Иноятуллоҳи Шокирхон аст. Вале бо чӣ сабаб бошад, ки ба ин қитъа “Таърихи вафоти Шокирхони сонӣ” унвон дода шудааст. Дар ҳоле ки аз дӯстон ва иродатмандони Бедил шахсе бо номи Шокирхони сонӣ вуҷуд надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё