ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар нашри кобулии Куллиёт аз моддаҳои таърихи баъзе қитъаҳо санаҳои ғалат истихроҷ шудааст. Масалан, аз моддаи таърихи таълифи маснавии “Ирфон” – “Ҳадяи зулҷалол валикром” ба ҷои адади 1124 адади 1122 бароварда шудааст. Дар ин ҷо ду алифи ҳарду алифлом ба ҳисоб гирифта нашудааст.
Нуқсони дигаре, ки дар нашри кобулии Куллиёт тез-тез ба назар мерасад, такроран чоп шудани иддае аз ғазалиёт ва рубоиёти шоир аст. Даҳҳо ғазалро метавон зикр кард, ки ҳам дар ҷилди аввал омадаанду ҳам дар ҷилди дуввум. Ғазалҳои “Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё”, “Омадам, то сад чаман дар ҷилва нозон бинамат”, “Ҷинси мавҳумам дукони обрӯе чидааст”, “Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман”, “Агар хуршеди гардунам в-агар гарди сари роҳам”, “Машшотаи шӯхе ки ба дастат дили мо баст” ва ғайра аз ҳамин қобиланд.
Ҳодисаи такрор ба такрор омадани шеърҳо дар бахши рубоиёт аз ҳама бештар аст. Дар ин ҷо ба рубоиҳое дучор омадан мумкин аст, ки дуборию себорӣ ва ҳатто чорборӣ такроран чоп шудаанд. Масалан, рубоии “Гар хасм ба анбӯҳии лашкар шод аст”,
-ро дар саҳифаҳои 110, 385 ва 411 ҷилди дуввум дидан мумкин аст.
Ва ниҳоят, хатои ҷиддӣ ва нобахшидание, ки дар нашри кобулии Куллиёт содир шудааст, дахолати беҷои мураттиб ба бузургтарин асари насрии шоир “Чорунсур” аст. Мураттиб, зоҳиран, ба мақсади кӯмак ба хонанда, ба бахшҳои ҷудогонаи “Чорунсур” унвонҳои иловагӣ дохил кардааст, ки ин кор хилофи қоида ва қонунҳои нашри осори гузаштагон мебошад.
Азбаски унвонҳои иловагӣ бо ягон аломат ва ё таъкиде ишора карда нашудаанд, хонандаи бо нусхаҳои дигар ошно набуда фаҳмида наметавонад, ки ин унвонҳо ба қалами кӣ таъаллуқ доранд – ба қалами муаллиф ё мураттиб? Унвонҳои мазкур на танҳо ба хонанда кӯмак намерасонанд, балки ӯро ба иштибоҳот мувоҷеҳ месозанд. Яке аз унвонҳои фаръие, ки мураттиб ба бахше аз “Чорунсур” додааст, ин аст: “Расидани Мирзо Зариф ва Бедил дар балдаи Ганг ба сӯҳбати орифе”. Дар ин унвон таъбири “балдаи Ганг” ғалат аст. Мураттиб мебоист “балдаи Катак” менавишт. Зеро мақсади муаллиф шарҳи Катак аст, ки пойтахти вилояти Орисса буд. Ба маркази вилояти Орисса будани ин шаҳр худи Бедил низ ишора кардааст. Ӯ навиштааст: “Пас аз муддате чун ба балдаи Катак, ки пойтахти маҳоли (вилояти Б-Р) Урисса аст, иттифоқи убур афтод”. . .
Дар саҳифаи 106 “Чорунсур” ин унвонро хондан мумкин аст: “Арзи Мирзо Абдуссалом ба ҳазрати шоҳ ба ғарази тарбияти Бедил ва ҷавоби ҳазрати шоҳ” . Мурод аз “ҳазрати шоҳ” Шоҳқосими Ҳуваллоҳист. Вале дар ин ҷо сухан дар бораи ӯ нарафтааст. Ин ҷо сухан дар бораи шахси дигар аст. Ин шахс орифест ки Бедил ва тағояш Мирзо Зариф баъд аз бори дуввум ворид шудан ба шаҳри Катак бо ӯ ошно шуда буданд. Бедил номи аслии ин шахсро зикр накарда, бо таъбирҳои “дарвеше аз мансубони ҳазрати шоҳ” , “он ҳазрат” ва ғайра аз ӯ ёд кардааст. Дар бахшҳои “Чорунсур” ки зери унвонҳои “Арзи Мирзо Зариф аз атвори Бедил ба ҳазрати шоҳ” ва “Ҷавоби ҳазрати шоҳ” омадаанд, низ сухан дар хусуси ҳамон марди ориф аст, на дар бораи ҳазрати шоҳ, яъне Шоҳқосим.
Вале, бо вуҷуди ин норасоиҳо, нашри кобулии Куллиёти Бедил комилтарин ва гуфтан мумкин аст, ки саҳеҳтарин нусхаи чопии осори Бедил мебошад. Тамоми нашрҳои баъдинаи чи девон ва чи Куллиёти шоир аз рӯи ҳамин нашр сурат гирифтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё