ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бино бар қавли мусаҳҳеҳони нашри теҳронии Куллиёти Бедил Акбари Беҳдорванд ва Парвиз Аббосии Доконӣ, мунтахабе аз Куллиёти Бедил дар Покистон низ ба нашр расидааст.
Агар мунтахаби Покистонро нашри ҳафтуми Куллиёти Бедил ба шумор оварем, пас нашри ҳаштуми он нашри зикршудаи Теҳрон хоҳад буд, ки алҳол се ҷилди он ба табъ расидааст (Ниг.: Куллиёти мавлоно Абулмаонӣ Абдулқодир Бедили Деҳлавӣ. Ҷилдҳои 1, 2, 3, Теҳрон, 1376 шамсӣ). Мусаҳҳеҳони матн ва муаллифони пешгуфтору муқаддимаи ин нашр, чунон ки гуфтем. Акбари Беҳдорванд ва Парвиз Аббосии Доконӣ ном шахсон мебошанд.
Ҷилди аввали Куллиёт дебочаи куллиёт, қасоид, таркиббанду тарҷеъбанд, мухаммасоту қитъаот, муаммо ва бахше аз ғазалиёт; ҷилди дуввум идомаи ғазалиёт, ғазалҳои тозаёб ва муфрадот; ҷилди саввум маснавиҳои “Ирфон” “Тилисми ҳайрат”, “Тури маърифат”, “Муҳити аъзам” ва чанд маснавии кӯчаки шоирро дарбар кардаанд. Дар сурати идома ёфтани нашри куллиёт, ҷилди чорум аз рубоиёт ва ҷилди панҷум аз осори насрии шоир “Чорунсур”, “Руқаот” ва “Никот” иборат хоҳанд шуд.
Бино бар гуфтаи Акбари Беҳдорванд, манбаъҳое ки асоси ин маҷмӯа қарор гирифтаанд, аз нашрҳою нусхаҳои хаттии зайл иборат мебошанд: 1. Куллиёти Афғонистон, 2. Куллиёти Бамбай, 3. Девони хаттии Малик, 4. Нусхаи хаттии Деҳлӣ, 5. Мунтахаби Покистон. 6.
Мунтахаби Тоҷикистон.
Мурод аз “Куллиёти Афғонистон” нашри чорҷилдаи Кобул аст, ки дар борааш таваққуф намудем. “Куллиёти Бамбай” нашри маъруфи Саафдарии соли 1299 ҳиҷрист, ки дар хусуси он низ маълумот дода шуд. Аммо аз ибораҳои “Девони хаттии Малик”, “Нусхаи хаттии Деҳлӣ” , “Мунтахаби Покистон” ва “Мунтахаби Тоҷикистон” чизи муайяне фаҳмидан душвор аст.
Аз таъбири “Девони хаттии Малик” ин қадар фаҳмидан мумкин аст, ки ин нусха дар Китобхонаи Малики Эрон маҳфуз мебошад. Агар ин нусха воқеан вуҷуд дошта бошад, зери кадом рақам нигоҳ дошта мешавад? Оё он таърихи китобат дорад ё надорад? Агар таърихи китобат дошта бошад, он таърих кадом асару кадом солу кадом моҳ аст?
Ибораи “Нусхаи хаттии Деҳлӣ” чӣ маънӣ дорад? Оё дар тамоми Деҳлӣ аз осори Бедил ҳамагӣ як нусхаи хаттӣ мавҷуд аст?
“Мунтахаби Покистон” кадом мунтахаб аст? Ин мунтахаб кай ва дар кадом шаҳр чоп шудааст? Кадоме аз асарҳои шоирро дар бар мегирад?
Мақсад аз “Мунтахаби Тоҷикистон” кадом нашр аст? Нашри чорҷилдаи ғазалиёт? Ё мунтахабе ки устод Садриддин Айнӣ ба табъ расонидааст? Ё нашри якҷилдаи маснавиҳои шоир, ки дар соли 1993 ба миён омадааст?
Нигоҳи кӯтаҳе ба се ҷилди нашри эронии Куллиёти Бедил нишон медиҳад, ки онҳо аз рӯи ҷилдҳои якуму саввум ва бахше аз ҷилди дуввуми нашри Кобул ба табъ раидаанд. Дар таҳияи онҳо ҳеҷ гуна нусхаҳои хаттӣ ва нашрҳои дигари осори Бедил истифода нашудаанд. Ба ҳайси манбаъҳои асосӣ номбар шудани нусхаҳои хаттию нашрҳои зикршуда дурӯғи маҳз аст.
Фарқи нашри Теҳрон аз ҷилдҳои мазкури нашри Кобул дар он аст, ки тартиби ҷойгиршавии асарҳо дар ин ҷо дигар асту дар нашри Кобул дигар. Нашри Кобул бо ғазалиёт оғоз ёфтаасту нашри Теҳрон бо қасоиду муқаттаоту мухаммасҳо.
Тафовути дигар ин аст, ки дар нашри Теҳрон қасидаву қитъа ва мухаммасҳо бо тартиби алифбо дарҷ гардидаанд. Дар нашри Кобул дар ин навъҳои шеърӣ тартиби алифбо риоя нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё