Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин қитъаҳои матлаъдори Бедил, ки бо хусусиятҳои шаклиашон ба ғазал шабоҳати бештар доранд, дар нашри Теҳрон дар бахши ғазалиёт омадаанд. Дар нашри Теҳрон мухаммассҳои дохили “Никот” низ дар бахши мухаммасҳои девон ҷой дода шудаанд.
Ва ниҳоят, маснавиҳои кӯчаки “Сифати даҳон”, “Фараснома”, “Сифати шамшер”, “Кимиё” ва “Фил”, ки дар нашри Кобул дар ҷилди дуввум ҷой гирифтаанд, дар нашри Теҳрон дар охири ҷилди саввум дарҷ гардидаанд.
Такрори нашри Кобул будани нашри Теҳронро бо ин далел ҳам метавон исбот намуд, ки тамоми иштибоҳоти дар ҷилдҳои якуму саввум ва бахши қасоиду қитъаоти ҷилди дуввуми нашри Кобул рухдода дар нашри Теҳрон такрор шудаанд.
Яке аз иштибоҳоти нашри Кобул, чунон ки гуфтем, такроран чоп шудани баъзе ғазалҳои шоир мебошад. Такрори ин ҳодисаро дар нашри Теҳрон низ мушоҳада кардан мумкин аст.
Дар ҷилди дуввуми нашри Кобул аз моддаи таърихи “навиди ғайб” (саҳ. 135) ба ҷои адади 1082 адади 1072, аз моддаи таърихи “маротиби таъйиди эзидӣ” (саҳ. 136) ба ҷои адади 1100 адади 1090, аз ибораҳои “ғазве аҷиб” ва “фатҳе шигарф” (саҳ. 133) ба ҷои адади 1098 адади 1088, аз таъбири “Одинаи аввали шаби шаҳри раҷаб” (саҳ. 169) ба ҷои адади 1120 адади 1119, аз мисраи “Зи бетаайюнии зот рафт ном – сифат” (саҳ. 133) ба ҷои адади 1083 адади 1093 бароварда шудааст. Ҳамин иштибоҳот дар ҷилди аввали нашри Теҳрон низ айнан такрор шудаанд.
Дар нашри Кобул унвони даври ҳаштуми маснавии “Ирфон” аз чоп афтидааст.
Дурусттараш, унвони даври мазкур аз нусхаҳои хаттӣ барқарор карда нашудааст. Даври ҳафтуми маснавӣ бо байти Нарасад гар муроди мо ба ҳусул,
Нест кам сайри олами маҷҳул.
поён ёфтааст ва бе ҳеҷ гуна ишора байти аввали даври ҳаштум омадааст, ки ин аст:
Соғари дигар аз хуми найранг
Шишаи ҳуш кард вақфи таранг.
Дар байни ин ду байт мебоист унвони даври ҳаштум меомад. Ё худ дар байни ду даври мазкури асар аломате гузошта мешуд.
Ҳамчунин дар нашри Кобул унвони даври ҳафтуми маснавии мазкур дар шакли:
Сунъи сонеъ агар аз фаҳм расост,
Одамӣ ҷавҳари асрори ғаност.
омадааст, ки саҳеҳ намебошад. Дар ин унвон ба ҷои таъбири “сунъи сонеъ” ибораи “сунъи собеъ” бояд бошад, ки ба маънои даври ҳафтум аст.
Ҳарду ишибоҳи мазкурро дар нашри Теҳрон низ дида метавонем.
Дар нашри Кобул аз “Сайри қомат” ном бахши маснавии “Тилисми ҳайрат” пас аз байти:
Чӣ қомат? Авҷи кори орзуҳо,
Ҳамон мероҷи фикри ҷустуҷӯҳо.
бист байти маснавӣ аз нашр афтодааст ва ин ноқисӣ низ дар нашри Теҳрон такрор шудааст.
Гуфтан лозим аст, ки бист байти мазкур дар нашри Сафдарии Куллиёт низ ба назар намерасанд. Онҳоро дар баъзе нусхаҳои хаттӣ, масалан, нусхаи № 2559 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон ва нашри дар Душанбе ба миён омадаи маснавӣ дидан мумкин аст.
Дар нашри Кобул унвонҳои чанд бахши маснавии “Тури маърифат” низ аз чоп афтидаанд.
Масалан, унвони “Ишорат” дар саҳ. 16, унвони “Сифати маъдан” дар саҳ. 20 ва ғайра. Бо ин унвонҳо дар нашри Теҳрон низ дучор шуда наметавонем.
Мураттибони нашри Теҳрон ба такрори иштибоҳоти нашри Кобул маҳдуд нашуда, чандин иштибоҳот ва ноқисиҳои дигарро аз худ илова намудаанд. Қисме аз ин иштибоҳот дар асари бедиққатӣ ва шитобкории мусаҳҳеҳон рух дода бошанд, қисми дигар бо сабаби аз мавзӯъ огоҳ набудани онҳо ба миён омадаанд.

пешина
аз 250
навбатӣ