ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аввалин норасоие, ки дар ҷилди аввали Куллиёт ба назар мерасад, ин аст, ки аксари куллии муаммоҳои шоир аз ҷилд берун мондаанд. Дар бахши “Муаммо”-и ҷилди аввал пас аз дарҷ гардидани ҳамагӣ як муаммо идомаи бахши қитъаҳо омадааст. Яъне аз 40 байт муаммои шоир танҳо унвон ва як муаммо чоп шудаасту халос. Муаммоҳои дигар, чунонки гуфтем, умуман чоп нашудаанд.
Дар бахши қасоиди ҷилди дуввуми нашри Кобул як қасида бо номи “Дар мадҳи Муҳаммад Аъзамшоҳ” ва як қасидаи дигар бо номи “Дар мадҳи шоҳ ва таърихи таваллуди шаҳзода” мавҷуд аст. Қасидаи аввал, чунон ки аз мазмуни он бармеояд, дар таърифи шаҳзода Муҳаммад Аъзамшоҳ (1646-1707) гуфта шудааст. Қасида бо байтҳои зерин оғоз меёбад:
Ҳаббазо, хуршеди қудратманзари авҷи яқин,
Ҳукмфармои салотин, муттакои оламин.
Соҳиби илму худованди ҷаҳон, мухтори даҳр,
Волии давлат, паноҳи миллату иқболи дин.
Вориси соҳибқирон, султон Муҳаммад Аъзам он, К-аз гули мадҳаш забон дорад чаман дар остин.
Қасидаи дуввум, зоҳиран, дар мадҳи Аврангзеб ва таърихи таваллуди писари хурдии ӯ Муҳаммад Комбахш (вафоташ – 1120 -1708) гуфта шудааст. Вале мусаҳҳеҳони нашри Теҳрон ду қасидаи мазкур ва қасидаи дар таърихи ҷулуси Муизуддин Ҷаҳондоршоҳ гуфташударо бо номҳои якхелаи “Дар ситоиши Хони даврон ба табъ расонидаанд. Дар сурате ки ба кадом ашхос дахл доштани се қасидаи зикршуда аз мазмунҳои худи онҳо маълум аст ва ин қасидаҳо дар нашри Кобул, ки асоси нашри Теҳрон мебошад, бо унвонҳои муайян дарҷ гардидаанд, мураттибони нашри теҳронии Куллиёти Бедил бо кадом асосу далел ба онҳо номҳои дигар додаанд? Оё дар ягон нусхаи хаттии осори шоир ин қасидаҳоро бо номи умумии мазкур дучор омадан мумкин аст? Не, ин қасидаҳоро дар ягон нусхаи хаттӣ бо номи умумии “Дар ситоиши Хонидаврон” намебинем. Ин номи умумиро худи мусаҳҳеҳон “эҷод” намудаанд. Онҳо ба чӣ мақсад ба ин кори зишт даст задаанд? Ғолибан, ба мақсади пинҳон доштани дурӯғи хеш, дурӯғе, ки гӯё, дар нашри теҳронии Куллиёти шоир илова бар нашри Кобул нусхаҳои дигар низ истифода шудаанд.
Зоҳиран, ба ҳамин мақсад аст, ки мураттибон дар бахши қитъаҳои таърих санаҳои аз ин қитъаҳо истихроҷшударо нодида гирифтаанд. Яъне қитъаҳоро аз рӯи нашри Кобул овардаанду ададҳои аз моддаҳои таърихи онҳо беруномадаро аз назар соқит кардаанд.
Мураттибон кӯшиш намудаанд, ки нашри онҳо аз нашри Кобул, ҳеҷ набошад, зоҳиран тафовут дошта бошад.
Мутаассифона, ҳодисаи нохуши таҳриф ва тағйири худсарона дар матни баъзе асарҳо низ ба назар мерасад. Чунончи, Бедил дар банди ёздаҳуми таркиббанди хеш ҷое ки аз адолату ҳақиқатхоҳӣ ва дигар фазилатҳои халифаи дуввум ҳазрати Умар (р) ҳарф мезанад, душманон ва бадхоҳони ӯ – рофизиёнро накӯҳиш ва сарзаниш менамояд. Ӯ менависад:
Зи дил барор ғубори хаёли кинаи ӯ,
Мабош ҳамқадами рафзии лаин ҳаргиз.
Фассонаҳои равофиз фусуни гумроҳист,
Масоз маркази хатти яқин ҷуз ин ҳаргиз,
Ки ӯ имоми дувум буду сарвари асҳоб,
Мутеи эзиду ҳомии дини пайғамбар.
Танқид ва мазаммати рофизиён ба мураттибон хуш наёмадааст, ки онҳо ба ҷои ибораи “рафзии лаин” таъбири “нафси беяқин” ва ба ҷои калимаи “равофиз” калимаи “таассуб”-ро гузошта, ду байти аввали порчаи мазкурро дар ин шакл “тасҳеҳ” намудаанд:
Зи дил барор ғубори хаёли кинаи ӯ,
Мабош ҳамқадами нафси беяқин ҳаргиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё