ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Фасонаҳои таассуб фусуни гумроҳист,
Масоз маркази хатти яқин ҷуз ин ҳаргиз, . . .
Дар ин ҷо дар хусуси бемаънӣ ва беҷо будани ибораи “нафси беяқин” чизе намегӯем. Инро худи хонанда ба осонӣ пай хоҳад бурд. Дар ин ҷо ба мураттибони беинсоф ин ҳақиқатро гӯшрас менамоем, ки таҳрифи ғаразнок ва бомақсади осори гузаштагон ҷиноят аст. Шахсе ки худро муҳаққиқ мешумораду нисбат ба муаллифони пешин ҳисси эҳтиром дорад, ба ин гуна амали ношоям даст намезанад.
Бедил қитъае дорад, ки дар нашрҳои Сафдарӣ ва кобулии Куллиёти ӯ дар ин шакл омадааст:
Ҳар кӣ дар иститоати қудрат
Кунад имдоди ҳоли дарвешон,
Фазли Яздон камолаш афзояд
Ба давоми дуои дарвешон.
Чунон ки мебинем, ин қитъа аз нигоҳи қофия нуқсон дорад. Мисраҳои дуввум ва чоруми он ҳамқофия нестанд. Мураттибони нашрҳои Сафдарӣ ва кобулӣ чун ба вариантҳои дигари ин қитъа дучор наёмадаанд, ночор онро дар шакли аз ҷиҳати қофия ноқис чоп кардаанд. Вале мураттибони нашри Теҳрон қитъаи мазкурро ба таври худ таҳриру тасҳеҳ намуда, мисраи чоруми онро дар шакли “Ба давоми камоли дарвешон” додаанд. Яке аз мураттибон Акбари Беҳдорванд дар пешгуфтори хеш навиштааст, ки ин тасҳеҳ “бо руҷӯъ ба дигар нусхаҳо” сурат гирифт. Вале ӯ дурӯғ мегӯяд. Ин гуна варианти содалавҳонаи бемантиӣ дар ягон нусха набояд бошад. Ба варианти тасҳеҳкардаи мусаҳҳеҳон мулоҳаза намоед:
Ҳар кӣ дар иститоати қудрат
Кунад имдоди ҳоли дарвешон,
Фазли яздон камолаш афзояд
Ба давоми камоли дарвешон.
Хонандагони гиромӣ диққат диҳанд ба маъною мантиқи байти дуввум: бо мадади камоли дарвешон афзун шудани камоли қудратмандон. Яъне соҳибқудрате агар ба дарвешон имдод намояд, камол ё худ иқтидораш ба воситаи камоли дарвешон бештар мешавад.
Дарвеши бечора агар қудрате медошт, ки он қудрат камоли қудратмандонро афзун менамуд, ӯро ба имдоди қудратмандон эҳтиёҷ набуд. Аз дарвеши бечора ба ҷуз дуо чизи дигаре чашм доштан нашояд. Аз ин нигоҳ, мисраи чоруми қитъа дар ҳамон шакли аввалааш саҳеҳтару табиитар ба назар мерасад, таҳрир ва тасҳеҳи он ноҷо ва нодуруст аст.
Бо ин ҳама мо гуфтанӣ нестем, ки ин ё он мусаҳҳеҳ ҳуқуқи доир ба ин ё он асар изҳори ақида карданро надорад. Не, ҳуқуӣ дорад. Вале ин ҳуқуӣ бояд берун аз матн, дар ҳошияи асар пиёда гардад.
Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар тасҳеҳи пешниҳод кардаи мусаҳҳеҳон ғалат бошад, пас варианти тахминан дурусти он кадом аст? Дар ин маврид, ба фикри мо, мисраи дуввумро тағйир бояд дод. Яъне ба ҷои “ҳоли дарвешон” “ройи дарвешон” бояд навишт. Дар ин сурат ба маъно ва мантиқи шеър халал ворид намегардад. Ба ин маънӣ, ки агар қудратманде тибқи хоҳиш ва ризоияти дарвешон амал намояд, дарвешон дуъои давлати ӯро хоҳанд кард ва аз ин дуо камолу иқтидори ӯ бештар хоҳад шуд.
Дар ҷилди дуввуми нашри Теҳрон ба иддае аз ғазалиёти шоир “Ғазалҳои тозаёб” унвон дода шудааст. Бо дидани ин унвон хонанда гумон мекунад, ки дар ин бахш бо ғазалҳое дучор хоҳад омад, ки дар нашрҳои пешин, аз ҷумла дар нашрҳои Сафдарӣ ва Кобул, дида намешаванд. Вале бо хондани худи ғазалҳо гумони мазкур аз байн меравад. Зеро аксари “ғазалҳои тозаёб” дар нашри Кобул мавҷуданд. Қисме аз онҳоро дар ҷилди якум, қисми дигарро дар бахши муқаттаоти ҷилди дуввум ва қисми саввумро дар охири ҷилди чорум пайдо намудан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё