ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Азбаски нашри Теҳрон такрори айнии нашри Кобул аст, қисме аз “ғазалҳои тозаёб”-ро дар бахши ғазалиёти ҷилдҳои 1-2 Теҳрон низ мебинем. Масалан, ғазалҳои “Гаҳ аз мӯи миён шӯҳрат диҳад нозукхаёлиро”, “Умрест ҳарзатозии ашки равони мо”, “Дар доғи дил ниҳон буд аз рафтагон нишонҳо”, “Зи ростӣ мадади ҳоли гӯшагириҳост”, “Зи даҳр нақди ту ҷуз печутоб душвор аст”, “Ҳиммат чӣ барфарозад аз шарми фақри мо даст”? “Субҳаи ман ноларо бо уқди дил пайвастан аст”, “Баҳор оинаи ранге ки бошад сарфи оинат”, “Сафои об ба ёди ғубори роҳи касест” ва ғайраро ҳам дар бахши ғазалиёти ҷилди аввал мебинему ҳам дар бахши “Ғазалҳои тозаёб”-и ҷилди дуввум. Тафовут дар ин аст, ки миқдори байтҳои баъзеи ғазалҳо дар ҷилди дуввум нисбат ба ҷилди аввал камтар аст. Чунончи, ғазали “Ҳиммат чӣ барфарозад аз шарми фақри мо даст?” дар ҷилди аввал 16 байт асту дар бахши “Ғазалҳои тозаёб”-и ҷилди дуввум 7 байт. Ё худ, ғазали “Биё, эй ҷоми минои тараб нақши кафи поят” дар ҷилди аввал 11 байт асту дар бахши “Ғазалҳои тозаёб” 10 байт. Ғазали “Вой, пайванди сухансанҷон намонд” дар ҷилди дуввуми нашри Кобул 5 байт дораду дар ҷилди дуввуми нашри Теҳрон 4 байт.
Ҳамчунин дар бахши “Ғазалҳои тозаёб”-и ҷилди дуввум баъзеи байтҳо дар шаклҳои ғалат дарҷ гардидаанд. Масалан, аз байти:
Гаҳ аз мӯи миён шӯҳрат диҳад нозукхаёлиро,
Гаҳе аз чини абру сахта хонад байти олиро.
калимаи “гаҳе” дар ҷилди дуввум дар шакли “гуҳар” чоп шудааст.
Дар байти:
Наёбӣ ғайри ашк аз пардаҳои чашми мо, Бедил, Ҳарири мо ба дил дорад ҳавои баршаголиро.
ба ҷои калимаҳои “наёбӣ” ва “баршаголӣ” калимаҳои “наболад” ва “бесиголӣ” ва ба ҷои таъбири “ҳарири мо” ибораи “чу дил бар мо” чоп шудааст.
Дар мисраи “Ниқоб аз оҳи ман бардору чоки дил тамошо кун” ба ҷои “оҳ ман” “они ман” дарҷ гардидааст.
Дар мисраи “Зи даҳр нақди ту ҷуз печутоб душвор аст” ба ҷои “зи даҳр нақди ту” “раҳе ба қадди ту” омадааст.
Дар мисраи “Расид қосиду аз бехудӣ паёмам кард” ба ҷои “расид” “рамид” сабт ёфтааст.
Ин гуна ғалатхониҳою ғалакӯчониҳо дар бахши “Ғазалҳои тозаёб” хеле зиёд аст.
Бо таассуфи зиёд қайд кардан лозим аст, ки дар бахши “Ғазалҳои тозаёб”-и ҷилди дуввум ашъори воқеан “тоза”-ро низ дидан мумкин аст. Дар ин ҷо бо шеърҳое дучор мегардем, ки дар асл моли Бедил нестанд. Ба қалами шоирони дигар тааллуқ доранд. Яке аз шеърҳои бегона, ки дар саҳифаи 881 дарҷ гардидааст, ғазали Файзии Даканист, ки бо матлаи:
Базм чун водии Айман шуда пурнур имшаб,
Шамъро ханда бувад бар шаҷари Тур имшаб.
шурӯъ мешавад ва дар нусхаҳои хаттиву чопии девони ӯ мавҷуд аст (Ниг.: Куллиёти шайх Абдулфайзи Файзӣ, муштамил бар қасоиду ғазалиёт ва матолеъ. Ҷилди аввал. Мураттабаи дуктур Аршад, Лоҳур, 1967, саҳ. 225).
Шеъри бегонаи дигар матлаи зерини як ғазали Соиби Табрезист:
Шохи гулро аз саропо чеҳра танҳо нозук аст, Нозукандоме ки ман дорам, саропо нозук аст.
(Ниг.: Соиб, Мунтахабот, Душанбе, “Ирфон” 1980, саҳ. 254).
Аз ҷумлаи ашъори бегона ду порчаи зеринро низ метавон зикр кард:
Ман аз куҷову расидан ба он ҷаноб куҷо?
Куҷост зарраи саргашта? Офтоб куҷо?
Чӣ нисбат аст ба афсурдагон зи гармдилон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё