ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Сафоли об куҷо? Ҷоми пуршароб куҷо?
Сари иродати Бедил бар остони дарат,
Ба ғайри даргаҳат, эй подшоҳ, савоб куҷо?
Одамият аз он парӣ маталаб,
Аз парӣ одамигарӣ маталаб.
Дар раҳи дӯст тарки сар бояд,
Афсари ишқ сарсарӣ маталаб.
Бедил, аз хайли офтобвашон
Шеваи заррапарварӣ маталаб.
Порчаҳои мазкур чи аз ҷиҳати сабку услуб ва чи аз лиҳози тарзи ифодаю баён ба шеъри Бедил ҳеҷ гуна қаробат надоранд. Ин шеърҳо, шояд, аз ягон Бедили дигар бошанд. Зеро дар адабиёти форсизабон шоирони бедилтахаллус кам нестанд.
Ғазалҳои “Лаъл ҳамранг бувад он ду лаби майгунро”, “Дигар фаршест дар ишратсароям моҳтоб имшаб”, “Хор дар дидаи он кас ки талабгораш нест”, “Ҷисмро дар ишқи ҷонон кор нест” низ ранги бедилӣ надоранд.
Пас аз ошноӣ ба нашри нави куллиёти Бедил суоле ба миён меояд, ки оё дар Эрон ягон каси босалоҳияте набуда, ки таҳия ва тасҳеҳи осори Бедил ба шахсони тасодуфӣ ва аз мавзӯъ ноогоҳ супорида шудааст? Шахсони тасодуфӣ ва бесалоҳият будани мусаҳҳеҳон аз пешгуфтор, муқаддимаи ба ин нашр навиштаи онҳо ба хубӣ ошкор аст. Хусусан муқаддимаи басо тӯлонии (наздик ба 100 саҳифа) Парвиз Аббосии Доконӣ дар савияи ниҳоят пасти илмӣ навишта шудааст. Муқаддима аз чанд мавзӯи парокандаи бо ҳам беиртибот иборат буда, дар муқояса бо таълифоти мавҷудаи оид ба Бедил ягон сухани тозаро дарбар накардааст.
Муқаддима агарчи “Аҳволу осор ва афкори Бедил” унвон дорад, дар он роҷеъ ба осори шоир ҷумлаеро пайдо карда наметавонем. Мулоҳаза ва муҳокамаҳои сатҳию берабти муаллиф далел бар онанад, ки ӯ на танҳо дар бораи Бедил ва осори ӯ тасаввуроти кофӣ надорад, балки аз оддитарин масъалаҳои таърихию адабии Ҳиндустони асри Бедил бехабар аст. Чунончи, ӯ дар “Таваллуд ва зиндагии Бедил” ном бахши муқаддимааш навиштааст, ки Бедил “ба соли 1054 ҳ-ҷ дар шаҳри Азимободи аёлоти Патна мутаваллид шуд”.
Ҳол он ки дар Ҳиндустон аёлате бо номи “Патна” умуман вуҷуд надорад. Азимободу Патна ҳарду як чизанд, яъне ду номи як шаҳранд, ба монанди Деҳливу Шоҳиҷаҳонобод, Аграву Акбаробод, Сикриву Фатҳпур, Матҳураву Исломобод. Банорасу Муҳаммадобод ва ғайра.
Маълумоти муаллиф дар хусуси воқеаҳо ва ашхоси таърихии Ҳиндустон низ аз маълумоти ҷуғрофии ӯ беҳтар нест. Ӯ дар саҳифаи 31 муқаддимааш навиштааст: “Дар авохири умри Бедил авзои иҷтимоӣ ва сиёсии асри шоир муташанниҷ шуд. Равобити миёни ҷонишини Аврангзеб, яъне императур Фаррухсияр ва вазири ӯ амиралумаро тира шуд.
Муаллиф дар ин ҷо ду шахси таърихии замони Бедил – амиралумаро сайид Ҳусайналихон ва бародари ӯ сайид Ҳасаналихон мулаққаб ба қутбулмулк сайид Абдуллоҳро бо ҳам махлут кардааст. Амиралумаро сайид Ҳусайналихон ҳеҷ гоҳ вазири Фаррухсияр набуд. Вазири Фаррухсияр бародари ӯ қубулмулк сайид Абдуллоҳ буд.
Муаллифи муқаддима аз ҳодисаи дар соли 1131 (1719 милодӣ) аз Деҳлӣ ба Лоҳур рафтану дар ҳузури ҳокими Лоҳур Абдуссамадхон ба сар бурдани Бедил ёд намуда, афзудааст, ки “Бедил тақрибан чизе ҳудуди як солу ним дар Лоҳур ва назди Абдуссамадхони Низомулмулк буда”.
Муаллиф наме дар ин ҷо низ аз ду шахс як шахс сохтааст. Ӯ медонад, ки Абдуссамадхону Низомулмулк шахсони ҷудогонаанд. Абдуссамадхон Сайфуддавлаи Далерҷанг аз хоҷазодаҳои аҳрорист, ки дар аҳди Аврангзеб ба Ҳинд рафта, дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ хидмат намудааст. Ӯ аз ибтидои аҳди Фаррухсияр, яъне аз соли 1124 (1713) то соли 1138 (1726) субадори Лоҳур буд. Вафоташ соли 1150 (1737-38) иттифоқ афтодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё