ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Номи аслии Низомулмулк Қамариддин ибни Шаҳобуддин аст. Ӯ дар замони Аврангзеб ва Баҳодуршоҳ бо хитобҳои “Чинқиличхон” ва “Хонидаврон” сарфароз гардида, дар як вақт субадори Авадҳ ва фавҷдори Лакҳнав буд. Дар аҳди Фаррухсияр ба хитоби “Низомулмулк” ноил шуда, ба назми кишвари Дакан муваззаф гардида буд. Ва ниҳоят дар аҳди Муҳаммадшоҳ (1131-1151, 1719-1738) ба ӯ хитоби “Осафҷоҳ” ва мансабҳои вазири аъзаму ҳокими Дакан вогузор гардид. Вафоти Низомулмулк дар соли 1161 (1748) ба вуқуъ пайвастааст.
Муаллиф аз авзои адабии асри Бедил, аз ҷумла аз ривоҷу равнақи сабки ҳиндӣ, сухан карда, тамоми шоирони форсигӯи асрҳои ХVI-XVIII Ҳинд, аз ҷумла, Файзии Даканӣ, Малики қумӣ, Муллошоҳи Бадахшӣ, Бараҳмани Лоҳурӣ, Ғизолии Машҳадӣ, Сармади Кошонӣ, Ҷӯёи Табрезӣ, Неъматхони Олӣ, Ҳазини Лиҳайҷиро намояндагони сабки ҳиндӣ ба қалам додааст. Дар сурате ки шоирони зикршуда ва чандин шоири дигари ин асрҳо на бо сабки ҳиндӣ, балки бо сабки соддаи шоирони қадим шеър гуфтаанд.
Парвиз Аббосии Доконӣ дар бахши “Таъсирпазирии Бедил аз дигар шоирон”-и муқаддима дар қатори чанд байти маълуми Бедил ки дар онҳо дар хусуси ашъори Саъдиву Ҳофизу Соиб сухан рафтааст, байти зерини шоирро низ зикр кардааст:
Пириам бар ҳар сари мӯ баст мазмуни хамӣ, Баъд аз ин тартиби девони ҳилолӣ мекунам.
Ба ақидаи муаллиф, Бедил дар ин байт ишора ба девони ашъори Бадриддини Ҳилолӣ кардааст. Вале ӯ дар ин ҷо низ ба иштибоҳ роҳ додааст. Таъбири “девони ҳилолӣ” дар ин ҷо маънои тамоман дигар дорад. Шоир гуфтанист, ки дар асари пирӣ тамоми аъзои бадани ӯ ба монанди ҳилол хам задаанд. Аз ин рӯ, месазад, ки ӯ аз узвҳои хамзадаи хеш девоне тартиб диҳад. Яъне пириву нотавонӣ вуҷуди ӯро ба маҷмӯаи ҷисмҳои хамзада табдил додааст.
Дар муқаддима ба суханоне низ дучор омадан мумкин аст, ки умуман асоси воқеӣ надоранд, яъне дурӯғанд, дурӯғи маҳз. Масалан, муаллиф дар бахши тарҷимаи ҳоли Бедил навиштааст, ки “номи Бедил, яъне Абдулқодир пайомади назрест, ки падар (падари Бедил-Б.
Р) карда буд. Падари Бедил, ки соҳиби фарзанд намешуд,
- назр кард, ки агар худованд фарзанде ба вай ато кунад, номи ӯро ба таяммун ва табаррук Абдулқодир хоҳад гузошт, ки дар воқеъ номи бунёдгузори тариқаи қодирия шайх Абдулқодири Гелонист”.
Суханони мазкур зодаи хаёли худи муаллифи муқаддима мебошанд. Мо онҳоро дар ягон тазкираи чи замони Бедил ва чи асрҳои баъдина пайдо карда наметавонем.
Хулоса, нашри нави Куллиёти Бедил бо ном наву тоза аст. Дар асл нисбат ба нашрҳои пешин ҳеҷ гуна тозагӣ ва бартарие надорад. Ин нашр, мутаассифона, сабаби хушнудӣ ва хушҳолии мухлисони Бедил шуда наметавонад. Баракс, таҷассуми носипосӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба Бедил ва хонандагони ӯ мебошад.
АЗ ТАЪРИХИ ШАРҲИ ОСОРИ БЕДИЛ
Чунон ки маълум аст, яке аз хусусиятҳои асосии эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) душвории забон ва печидагии тарзи баёни ӯст. Ба таъбири муҳаққиқи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ гӯем, “асоси услуби эҷодии Бедилро мураккабӣ ва печидагии баён, сарбастагӣ ва мустаории сухан, муҷаррадӣ ва сермаъноии образҳои сухан, дар мавқеу мавридҳои ғайричашмдошт кор фармуда шудани калимаю ибораҳои маъмулӣ ва амсоли ин хусусиятҳои хос ташкил медиҳанд” (ниг. Н. Маъсумӣ, Туғрал ва муҳити адабии ӯ-Туғрал, мунтахаботи ашъор, Душанбе, 1964, саҳ. 9).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё