ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Душвории забон ва услуби шоир, табиъист, ки зарурати шарҳу тавзеҳи осори ӯро низ ба миён овардааст. Ин зарурат ҳанӯз дар замони зиндагии шоир эҳсос шуда буд. Аввалин касе, ки ба ташреҳу тавзеҳи осори Бедил даст задааст, ҳомӣ ва дӯсти наздики ӯ шоири намоён Шукруллоҳхони Хоксор (ваф. 1696) аст. Шукруллоҳхон вақте ки маснавии нахустини шоир “Тилисми ҳайрат”-ро мутолаа намуд, душвории забони онро пай бурд ва ба мақсади осонии дарёфти матолиби асар барои бахшҳои алоҳидаи он унвонҳои манзум эҷод намуд. Ин маъниро Бедил дар номае, ки “Ба Оқилхон, дар шукри ахлоқи Шукруллоҳхон” унвон дорад, чунин ифода кардааст: “Дар ин айём хони саодатунвон (Шукруллоҳхон-Б.Р.) ба инкишофи матолиби "Тилисми ҳайрат“ унвонҳо муқаррар намудаанд ва миръоте, ки хулосаи муддаои он нусха аст, ба сайқали таҳрир зудуда. Ҳосили таваҷҷӯҳ он, ки ҳар гоҳ, нигоҳи маънипаноҳ майли мутолаа фармояд, бетааммул ниқоб аз рӯи матлаб кушояд. ” Тавре, ки дар номаи мазкур ҳам ишора шудааст, унвонҳои эҷодкардаи Шукруллоҳхон дар баробари дар кашфи матолиби асар кӯмак кардан хулосаи муддао, яъне мазмуни мухтасари онро низ ифода намудаанд. Ҳар як унвон аз як байт иборат аст ва байтҳо ҳама дар як вазнсареи мусаддаси матвии макшуф иншо шудаанд. Байте, ки ба ҳайси унвони бахши нахустин, яъне қисмати ҳамди асар, омадааст, ин аст:
Он чӣ дар ин доира савту садост,
Пардаи ороиши ҳамди худост.
Ё худ унвони бахши ҳафтуми маснавӣ, ки оғози сужети он ба шумор меравад, ин хел сурат гирифтааст:
Нашъаи огоҳии рӯҳ аз бадан,
Яъне аз итлоқ, ба қайд омадан.
Аз номаи дигари Бедил бармеояд, ки Шукруллоҳхон, зоҳиран, боз ҳам барои тавзеҳи фикри шоир, яке аз асарҳои манзуми ӯро ба наср гардонида будааст. Унвони нома, ки ифодагари мазмуни он низ мебошад, ин аст: “Ҷавоби номае ки Шукруллоҳхон навишта буданд, яъне назми шуморо наср кардаам. Барои юсуфоина армуғон аст.
” Кӯшиши шарҳу тавзеҳи осори Бедил дар ватани ӯ- Ҳиндустон, мутаассифона, инкишоф наёфт. Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, бо сабабҳои коста шудани нуфузи забону адабиёти форсӣ дар Ҳиндустон, аз арсаи ҳаёт дур шудани шогирдону пайравони шоир ва ривоҷу равнақи адабиёти урдузабон таваҷҷӯҳ ба осори ӯ кам шуд. Ва ҳамватанонаш рафта-рафта ӯ ва осори ӯро фаромӯш карданд. Бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба Бедил ба ҷое расид, ки пас аз сад соли вафоташ аз ҳавлӣ ва турбати ӯ ному нишоне боқӣ намонд (ниг. маҷаллаи “Хуросон”, №24- 25, Кобул, 1364, саҳ. 165).
Вале дар дигар манотиқи қаламрави забони форсӣ-Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистон-шӯҳрат ва эътибори шоир афзуд. Осори ӯ ба доираҳои адабии ин кишварҳо ворид гардида, пайравон ва муқаллидони зиёде пайдо намуд.
Устод Айнӣ дар асари маъруфи худ “Намунаи адабиёти тоҷик” (М. 1925, с. 289) навиштааст, ки “дар аҳдҳои охирӣ (баъд аз соли 1200 ҳиҷрӣ) дар Бухоро ва Мовароуннаҳр дар назму наср тақлиди Бедил шӯҳрат гирифта, ҳар аҳлу ноаҳл, ки ба дасташ қалам мегирифт, чизе дар пайравии Бедил навиштанро аз ҷумлаи татиммаи (авҷи – Б.Р.) каломи худ ” мешумурд.
Дар баробари тақлиду пайравӣ ба осори Бедил шарҳу тавзеҳи каломи ӯ, хусусан ғазалиёташ, низ авҷ гирифт. Дар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр – Бухорову Самарқанд, Хуқанду Хуҷанд ва ғайра маҳфилҳои бедилхониву бедилфаҳмӣ пайдо шуданд. Дар ин маҳфилҳо шеъри Бедил ба таври шифоҳӣ шарҳу тавзеҳ, меёфт. Кам воқеъ мешуд, ки мазмуни ин ё он маҳфил ба силки таҳрир кашида шавад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди амал намудани маҳфилҳои бедилхониву бедилфаҳмӣ, шарҳу тавзеҳи хаттии осори ӯ хеле кам ба назар мерасад. То ба имрӯз ҳамагӣ як шарҳи девони шоир маълум аст, ки дар асри Х1Х тавассути Сибғатуллоҳ Хаёлии Сулаймонӣ ном шахс дар Туркияи Усмонӣ ба забони форсӣ таълиф шудааст. Нусхае аз ин шарҳ дар шаҳри Коҳира, дар Китобхонаи миллии Миср маҳфуз аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё