Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар феҳристи нусхаҳои хаттии ин китобхона, ки соли 1966 дар Коҳира ба табъ расидааст, тавсифи мухтасари онро пайдо намудан мумкин аст.
Муаллифи дигаре, ки дар асри Х1Х ба шарҳи хаттии осори Бедил машғул шудааст, сарвари маорифпарварони тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897) мебошад. Ӯ дар “Наводирулвақойеъ, ” рисолае бо номи “Меъёруттадайюн” ва осори дигари худ 5 байт аз ғазалиёту чандин рубоии шоирро шарҳу тавзеҳ додааст, ки дар ин бора дар рисолаи Расул Ҳодизода “Аҳмади Дониш” (Душанбе, 1976) ба тафсил сухан рафтааст.
Аҳмади Дониш ҳамчунин дар ҳошияи яке аз нусхаҳои хаттии рубоиёти Бедил, ки худи Аҳмади Дониш китобат кардааст, ба чанд рубоии дигари шоир низ шарҳҳои кӯтоҳе нигоштааст. Дар хусуси ин кори Аҳмади Дониш Шавкат Шукуров мақолаи алоҳидае навиштааст, ки дар маҷмӯаи илмии “Аз таърихи афкори адабии халқи тоҷик” (Душанбе, 1977) ба табъ расидааст. Инак, аз шарҳҳои Аҳмад Махдуми Дониш чанд намунаро дар ин ҷо иқтибос менамоем. Шарҳи байте аз “Наводирулвақойеъ”:
Хаёли қурбу ғафлат дурии унс аст маҳрамро, Табассумҳои гандум чини доман гашт Одамро.
Яъне тасаввури қурби дӯст ва бори ғафлат варзидан касеро, ки маҳрами ҳарами маҳбуб бувад, аз ҳарими мувосалат ва мувонасат дур меафканад ва мардуду маҳҷур мегардонад.
Агар ба изофа хонӣ (яъне агар “хаёли қурби ғафлат” хонӣ – Б.Р.), маънӣ инчунин мешавад, ки тасаввури наздикӣ ба ғафлат маҳрамро аз ҳарими дӯст маҳҷур мекунад, то ба ғафлат чӣ расад? Ва, албатта, ғофил набояд буд. Ва ба чизе ки боиси ғафлат гардад, низ илтифот набояд кард. Нашунидӣ, ки “табассуми гандум”, яъне кушодагии чеҳраи гандум ва илтифоти Одам алайҳиссалом бад-ӯ бо вуҷуди манҳиюн анҳу будан сабаби барзадагии домани вай шуд барои ҳубут аз биҳишт. Чи касе ки таъҷил кунад дар рафтан, доман чин кунад ва бар занаду ба камар бандад. Ва илтифоти Одам ба гандум аз мантуқи байт намебарояд илло, “табассуми гандум” имо мекунад, ки шахси танҳо, то касе бад-ӯ мутаваҷҷеҳу мултафит набувад, табассум накунад. Ва он ки дар хилвату танҳоӣ табассуму зеҳн орад, аз савдо ва ҷунун бошад.
” Рубоӣ аз мақолаи Ш. Шукуров:
“Он симу заре, к-аз эҳтиёҷат беш аст,
Бар табъи салим садҷароҳатнеш аст.
Чун ҷамъ шавад, ба хиссатат доғ кунад,
В-ар сарф кунӣ, фузулият дар пеш аст.
Яъне матои дунявӣ он беҳ, ки ҷамъ нашавад. Чун ҷамъ шуд, бар табъи салим чун неш бар ҷароҳат бошад, ки дар ҷамъ хасис, дар тарк фузул ва бехирад шиносанд.
” Шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида ва пораҳои насри Бедилро дар ҳошия ва поварақҳои баъзе аз нашрҳои сангии осори ӯ низ дидан мумкин аст. Яке аз чунин нашрҳои шарҳдор нашри мунтахаби куллиёти шоир аст, ки бори аввал дар соли 1287 (1871) дар Лакҳнав ва бори дуввум дар соли 1292 (1875) дар Конпур ба табъ расидааст. Ин нашри куллиёт “Никот”, “Рукаот”, мунтахаби девони қадим ва “Чорунсур”-ро дарбар дорад. Дар ҳошияи “Рукаот”-и ин нашри куллиёт калимаву ибора ва мисраву байтҳои зиёде шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Ин шарҳу тавзеҳ фаҳмидани мазмуни номаҳо ва дарёфти матолиби шоирро хеле осон кардаанд.
Мутаассифона, маълум нашуд, ки куллиётро кӣ чоп кардааст ва шарҳу тавзеҳ бар “Рукаот”- ро кӣ навиштааст? Танҳо ҳамин мазмун аён аст, ки муаллифи хотимаи табъ ва қитъаи таърихи табъ шоирест бо номи Муҳаммаданвор Ҳусайни Таслим. Ин шахс дар хотимаи табъ, аз ҷумла, чунин навиштааст: “Аммо баъд забондони анҷумани аҷабу муҳим Муҳаммаданвор Ҳусайни Таслим мӯҳр аз дурҷаки даҳан мебардорад ва ба ҳукми шавқи бепарвохиром лафзе чанд менигорад, ки дар ин моҳи морчи санаи 1871 мутобиқи шаҳри зулҳиҷҷаи санаи 1287 ҳиҷрӣ куллиёти файзи симот, захираи маънию ганҷинаи хаёлот… аз тасонифи шоири ҷодузабон, носири муъҷазбаён, лавҳи тилисми обу гил Мирзо Абдулқодири Бедил ба мақоми Лакҳнав дар матбаи муншӣ Нувил Кшур ба эҳтимоми балеғ ва қаддағани намоёни корпардозони донишпаноҳ, хирадмандони субҳонидастгоҳ ғозаи табъ ба рӯ молид ва даҳри табъ моил харидораш гардид.

пешина
аз 250
навбатӣ