Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қитъаи таърихи табъ:
Куллиёти Мирзо Бедил гирифт
Чун ба дастм табъ домони ҳаёт,
Гуфта шуд таърихи он бе рӯи ҷаҳд:
“Табъ шодон шуд зи табъи куллиёт” (1287)
Гуфтан лозим аст, ки аз ҷумлаи нашрҳои “Рукаот”, ки ба мо маълуманд, нашри мазкур ягона нашрест, ки бо ин гуна шарҳу тавзеҳи муфассал ба табъ расидааст. Аз ин рӯ, ин нашр дар кори омӯзиши осори Бедил арзиш ва аҳамияти махсус дорад. Инак, барои мисол чанде аз он шарҳу тавзеҳотро дар ин ҷо сабт менамоем. Дар аввал номаеро меоварем, ки ба Шукруллоҳхон ном дӯсти Бедил равона шудааст. Бедил дар ин нома ду байти як ғазали худро дарҷ намуда, аз Шукруллоҳхон хоҳиш кардааст, ки он байтҳоро бо назари ислоҳомез мутолаа намояд. Нома ин аст:
“Ба Шукруллоҳхон навишта шуд.
Рӯзи васлат бояд аз шарм об гардидан, ки мо Дар фироқат зиндагӣ кардему ҷоне доштем.
Шерозабанди нусхаи зуҳур беш аз ин ба тафриқаи аҷзои бедилон розӣ мабод. Ба татаббӯи афкори гавҳарнисор ду байт ба таҳрири ниёз меорад ва аз мутолааи ислоҳоро таваққӯи пирояи қабул дорад:
Кардаам сармашқи ҳайрат сарви мавзуни туро, То ки мехонам баландиҳои мазмуни туро.
Ҳар чӣ мебинам, суроғе аз хаёлат медиҳад,
Ҳарду олам як сари зонуст маҷнуни туро”.
Муаллифи шарҳу тавзеҳот дар се ҷои мактуби мазкур-дар фавқи ибораи “татаббӯи афкор”, дар ибтидои байти аввал ва дар оғози мисраи дуввуми байти сонӣ – ишораҳо гузошта, сипас дар ҳошия онҳоро шарҳу маънидод кардааст. Ӯ таъбири “татаббӯи афкор”-ро чунин шарҳ додааст: “Татабӯи афкор”-пайравии афкор. Ва ишорат ба сӯи худ кардааст.
” Шарҳи байти аввал ин тавр сурат гирифтааст: “Аз вақте ки баландиҳои мазмуни туро мехонам, қадди мавзуни туро сармашқи ҳайронии худ кардаам. Яъне қадат мебинаму ҳайрон мешавам, ки чӣ қадар расоӣ дорад. ” Маънии байти дуввум, аз нигоҳи шореҳ, чунин аст: “Девонаи ту ҳар гоҳ барои муроқаба сар ба зонуи худ мегузорад, инро баробари ҳарду олам мешуморад.
” Гуфтан лозим аст, ки шарҳи таъбири “татаббӯи афкор” чандон саҳеҳ нест. Махсусан “ишорат ба сӯи худ кардааст” гуфтани муаллиф дуруст ба назар намерасад. Дар ин ҷо, баръакс, ишора ба сӯи Шукруллоҳхон аст. Манзури шоир аз “афкори гавҳарнисор” шеъри Шукруллоҳхон аст. Яъне Бедил хитобан ба Шукруллоҳхон гуфтааст, ки дар пайравии афкори гавҳарнисори вай, яъне Шукруллоҳхон, ду байт эҷод кардааст, ки инак, барои ислоҳ ба сӯи ӯ равонаашон месозад.
Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки мисраи дуввуми байти аввал дар дигар нусхаҳои осори Бедил дар шакли “Нола мехонам баландиҳои мазмуни туро” сабт шудааст, ки ҳамин вариант саҳеҳ ба назар мерасад. Дар ин асос шарҳи байт низ бояд дигар хел сурат гирад.
Дар ҳошияи “Руқаот” зимни ташреҳи калима ё иборае маънои пурраи ин ё он порчаи шеърӣ низ баён гардидааст. Ба таъбири дигар, дар ин ҷо шарҳҳои мукаммали ашъори ҷудогонаро низ пайдо намудан мумкин аст. Аз ҷумлаи чунин шарҳҳо шарҳи ду байтест, ки иқтибос мешаванд:
Ҳайратқафасам, ку асари аҷзу расоӣ?
Маҷбури адабро чи висолу чи ҷудоӣ.
Оинаи таслиму фузулӣ? Чӣ хаёл аст?
Ранге нанамоям, ки ту онро нанамоӣ.
Муаллифи ҳошия дар баробари шарҳи маъноҳои истилоҳии калимаҳои “ҳайрат” ва “таслим” мазмуни пурраи байтҳоро низ шарҳу тавзеҳ додааст. Ӯ дар шарҳи байти якум навиштааст: “Ҳайрат қафаси ман аст, яъне муқайяди ҳайратам. Ва “ҳайрат” дар истилоҳи аҳли тасаввуф мақоми интиҳои ирфони ҳақ аст. Ва дар он мақом идрок оҷиз шавад ва ҳеҷ мадрак намешавад ва ин мақом боиси даҳшат ва раҷъат мегардад. Ва дар ин мақом ҳаргиз асари нарасидану расидан зоҳир нашавад. Ва солик дар ин мақом аз ғояти хавфу адаб аз тамизи висолу ҷудоӣ омӣ гардад.

пешина
аз 250
навбатӣ